Сураи Қоф Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Коф Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қоф Ояти 8

تَبۡصِرَةً وَّذِكۡرٰى لِكُلِّ عَبۡدٍ مُّنِيۡبٍ ٨

Табсирата-в ва зикро ли кулли ъабди-м мунӣб. 8.

8. Барои ҳар бандаи руҷӯъкунанда (ин ҳама) роҳ намудан ва панд додан аст.

Аллоҳ таъоло дар ин оят гуфтааст, ки мо Замин, кӯҳҳо ва набототро бо аҷоиботи хосси аз ҳам фарқкунанда офаридаем, аз баҳри он, ки ҳар бандаи ҳушманд тафаккур кунад ва ба сӯи мо руҷӯъ намояд. Он ваъдаву дарсҳои фаромӯшшударо, ки дар рӯзи мисоқ бар зиммаи худ гирифта буд, ба ёд орад. Бинобар ин, аломатҳое, ки дар оёти 6-8-ум гузашт, барои инсон як роҳнамо ва нишондоди хуб баҳри фарқ кардани камоли қудрати Мо ва панди фоиданоку аҷоиб аст. Ба хусус, он чӣ ки дар мазмуни ояти зер мегузарад, андарзи басо аҷиб аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Қоф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қоф Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қоф Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)