Тафсири Сураи Коф Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қоф Ояти 9
وَنَزَّلۡنَا مِنَ السَّمَآءِ مَآءً مُّبٰـرَكًا فَاَنۡۢبَـتۡـنَا بِهٖ جَنّٰتٍ وَّحَبَّ الۡحَصِيۡدِ ٩
Ва наззална мина-с самаи маа-м мубаракан фа амбатна биҳӣ ҷаннати-в ва ҳабба-л-ҳасӣд. 9.
9. Ва аз Осмон оби бобаракатро фуруд овардем, пас, бо сабаби он боғу бӯстонҳо ва донаи кишти даравшавандаро рӯёнидем,
Инсони бохирад дар нисбати махлуқоти Аллоҳ, ки дар шаш ҷиҳати Ӯ мавҷуданд ва ба қудрату ваҳдонияти Ӯ таъоло далолат мекунанд, бояд доимо бо эътибору дар тафаккур бошад. Аз он ҷумла, Аллоҳ таъоло аз абре, ки дар осмон аст, ба Замин обе мефиристад, ки он бисёр ба манфиъат аст ва хайри бисёр дорад. Ӯ таъоло дар ин оят аксари неъматҳоро ҳамчун натиҷаи фурӯ фиристодани борон арзёбӣ карда, гуфтааст, ки Мо ба сабаби он аз Замин дарахтони хушманзараи мевадор, бӯстонҳои бисёр зебо ва маҳсулоти донӣ (ҷаву гандум ва…) мерӯёнем, ки онҳо бо қувваи шумо кишту дарав мешаванд.. Ва боз…
Рӯйхати оятҳои Сураи Қоф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «