Сураи Кофирун Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Кофирун Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Кофирун Ояти 5

وَلَاۤ اَنْتُمْ عٰبِدُوْنَ مَاۤ اَعْبُدُ ٥

Ва ла антум ъабидуна ма аъбуд. 5.

5. Ва на шумо парастиш хоҳед кард Зотеро, ки ман мепарастам.

На шумо Маъбуди ягонаи хақиқии маро (бе овардани шарик) парастиш карданӣ ҳастед! Яъне, агар шумо Аллоҳро ибодат карданӣ шавед ҳам, онро бевосита ибодат намекунед. Байни Аллоҳ ва худатон чизеро (мисли бутони аз санг ва чӯб сохташударо) восита мекунед. Аз бутҳо талаб мекунед, ки хоҳиши шуморо ба Аллоҳ расонанд. Аз Аллоҳ барои шумо неъмат талаб кунанд. Чунин ибодат назди Парвардигор мақбул нест ва ман аз чунин ибодати мушрикона безорам. Ман Худовандро бевосита ибодат ва парастиш мекунам, аммо дар ҳоли ҳозир бошад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Кофирун «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Кофирун Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Кофирун Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)