Сураи Кофирун Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Кофирун Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Кофирун Ояти 6

لَكُمْ دِيْنُكُمْ وَلِيَ دِيْنِ ٦

Лакум дӣнукум ва лия дӣн. 6.

6. Шуморост дини шумо ва марост дини ман».

Пас, вақто ки дини ширку бутпарастӣ барои шумо бошад, дини Тавҳиду Худопарастӣ, Ислому ирфон барои ман аст. Ман Худованди Раҳмонро, ибодат мекунам шумо бошед санаму бутонро мепарастед. Мазмуни ин сура ба ибодати Парвардигори воҳиду қаҳҳор ниҳоят далолати қатъӣ мекунад.

Он вақт ки шумораи мусулмонон кам буд, Худованд бо ин оят (яъне ояти 6-ум) ба Пайғамбари худ амр кард, ки кофиронро то муддате ба ҳоли худ гузорад. Чун Ислом қувват гирифт ва сафи мусулмонон зиёд шуд, Худованд ҳукми ин оятро мансух гардонид, яъне аз амал боздошт. Расули акрам (с) боз мушриконро ба роҳи Исломи ҳақиқӣ ва тарк намудани парастиши бутҳо ва рӯй овардан ба ибодати Худованди якто даъват намуданд. Бисёре аз онҳо ин дини ҳаққро қабул намуда, мусулмон шуданд ва корнамоиҳои шоистае барои Исломи азиз карданд, ки дар саҳифаҳои таърих то абад боқӣ мемонад.

Дар ҳадис омадааст, ки ҳар кӣ ин сураро бихонад гӯё аз чаҳор бахш як бахши Қуръонро хонда бошад. Ривоят шудааст, ки касе ин сура ва сураи Ихлосро бихонад аз куфру нифоқ дур бошад. Валлоҳу аълам.

Поёни сураи “Кофирун”. Ва лиллоҳил ҳамд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Кофирун «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Кофирун Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наср – Тафсири Осонбаён (Қуръон)