Сураи Наср – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Наср – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наср 110-уми сураи Қуръон буда, дар Мадинаи мунаввара нозил шуда аз 3 оят иборат аст.

Дар ин сураи муаззама фатҳи Макка ва азиз гардидани мусулмонон ва бо ҳамин фатҳ паҳн шудани нури Ислом дар диёри Араб, бурида шудани дарахту шохаҳои ширк, дохил шудани мардум гурӯҳ-гурӯҳ ба дини мубини Ислом ва баланд шудани парчами Ислому шарманда гаштани кофирону мушрикон баён гардидааст.

Хабари фатҳи Макка пеш аз вуқӯъаш байни мардум сароида мешуд. Ин аз зоҳиртарин далелҳост ба рост ва ҳақ будани нубуввати Пайғамбар (алайҳи афзалуссалоту васалом). Ин сура инчунин якчанд амалҳо ва нишонаҳои фатҳи Маккаро хабар медиҳад. Ин буд назари кутоҳе ба мундариҷаи сураи “Наср”,


Рӯйхати оятҳои Сураи Наср «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Кофирун Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наср Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)