Тафсири Сураи Кориъа Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қориъа Ояти 3
وَمَاۤ اَدۡرٰٮكَ مَا الۡقَارِعَةُ ٣
Ва ма адрока ма-л қориъаҳ. 3.
3. Ва ту чӣ донӣ, ки қориъаҳ (кӯбанда) чист?
Мурод аз “Қориъаҳ” қиёмат аст, ки дилҳоро аз камоли беқарорӣ ва изтироб меларзонад ва гӯшҳоро аз шиддати овоз “қулф” мезанонад. Хулоса, манзараи ҳавлноки ҳодисаҳои қиёмат дар хаёл намеғунҷад, танҳо аз баёни баъзе ҳадисҳо ва шарҳи онҳо метавон каме шиддат ва сахтии онро қиёс намуд. Мурод аз “ва мо адрока” (Ва чӣ чиз дононд туро) ин аз як тараф барои тарсонидани мардум бошад, аз тарафи дигар барои дар шавқ даровардани онҳост дар шинохтани “Қориъаҳ” ва аҳволи он, ки Худованд дар оятҳои зер баён кардааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қориъа «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «