Тафсири Сураи Лайл Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Лайл Ояти 18
الَّذِىۡ يُؤۡتِىۡ مَالَهٗ يَتَزَكّٰىۚ ١٨
Ал-лазӣ юътӣ малаҳу ятазакка. 18.
18. Оне ки медиҳад моли худро, то ки пок гардад.
Бандагони ботақво бо сарф кардани моли худ дар роҳи Худо нафси худро аз гуноҳҳо пок намуда, савоби бисёреро ноил мешаванд.
Яъне онҳо аз моли худ ба падару модарашон ёрӣ медиҳанд. Инчунин ба ятимон, фақирон ва муҳтоҷон хайру эҳсон мекунанд. Қисми моли худро барои нашри китобҳои динӣ, сохтумони масҷиду мадрасаҳо, роҳҳо, ёрӣ ба толибилмон ва мударрисони мадрасаҳо ва ғайра сарф мекунанд.
Шартҳои асосии сарфи мол дар роҳи Худо бе риё, бе худнамоӣ ва надоштани ягон матлаби дунёгӣ будани он аст.
Зимни ин оят маънои адои закоти мол низ ҷой дорад, зеро додани закоти мол онро пок мегардонад.
Касе, ки дорои чунин сифатҳо мебошад, он кас нафси худро аз ҷамии разилиҳо пок сохтааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Лайл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «