Сураи Лайл Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Лайл Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Лайл Ояти 20

اِلَّا ابۡتِغَآءَ وَجۡهِ رَبِّهِ الۡاَعۡلٰى‌ۚ ٢٠

Иллабтиғоа ваҷҳи Раббиҳи-л-аъла. 20.

20. Магар (медиҳад) барои талаби хушнудии Парвардигори хеш, ки аз ҳама баландтару бартар аст.

Сарфи мол набояд ба таври табодул бошад. Яъне некие, ки инсон мекунад, бар ивази некиҳое, ки худи ӯ дидааст, набошад. Боз агар рӯшантар гӯем, инсон нагӯяд, ки фалон шахс ба ман фалон вақт некӣ карда буд, биё, ман ҳам ба ӯ некӣ кунам. Албатта, бар ивази некӣ некӣ кардан хуб аст, вале иҷрои ҳама амалҳои нек бояд ба хотири дарёфти хушнудии Аллоҳтаъоло холисона бошад. Ин нуктаро бояд фаҳмид, то ки аз ду тараф савоб ҳосил шавад. Ин аст нозукии ақидаи инсон.


Рӯйхати оятҳои Сураи Лайл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Лайл Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Лайл Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)