Сураи Лайл Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Лайл Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Лайл Ояти 21

وَلَسَوۡفَ يَرۡضٰى ٢١

Ва ла савфа ярЗо. 21.

21. Ва албатта, ба зудӣ хушнуд хоҳад шуд.

Албатта, агар шахсе амалҳои некро барои ризои Худо ва ба умеди мушарраф гаштан ба ҷамоли ҷаҳонорои Худованди яктои беҳамто содир кунад, Худованд ӯро хушнуд хоҳад сохт.

Ҳарчанд, ки мазмуни ин ояти карима ом аст (ба таври умумӣ гуфта шудааст), вале бо ривояти хеле зиёд исбот шудааст, ки он дар васфи Абӯбакри Сиддиқ (р.) гуфта шудааст. Дар ибтидои Ислом Умайя ибни Халаф ғуломе дошт бо номи Билол ибни Рабоҳ. Билол имон оварда, Исломро қабул кард. Чун хоҷааш аз ин хабар ёфт, дар ғазаб гардида, дар нимарӯзӣ, ки ҳарорати гармӣ хеле баланд мешуд, Билолро болои реги тасфон ба пушт хобонида, сангҳои вазнинро дар рӯйи синаи ӯ мегузошт ва бо исрор аз ӯ талаб мекард, ки аз ҳазрати Муҳаммад (с.) ва дини ӯ рӯй бигардонад. Агар рӯй нагардонад, то дами марг чунин азоб насиби ӯст. Рӯзе гузари Абӯбакри Сиддиқ (р.) бар онҳо афтод ва ба Умайя гуфт: “То кай ин бечораро азоб медиҳӣ? Магар аз Худо наметарсӣ?”

Умайя гуфт: “Вайро ту аз роҳ задӣ, агар дилат ба ӯ сӯзад, вайро озод кун”. Абӯбакри Сиддиқ (р.) бидуни ягон тамаъ ва ғаразу мақсад, холисанлиллоҳ, он ёри киромӣ, яъне ҳазрати Билолро харида озод кард.

Баъди ин ҳодиса он се ояти боло нозил шуд, ки онҳо барои афзалият ва бартарӣ ва тақводории ҳазрати Абӯбакр (р) далели қатъи ва раднопазир мебошанд.

Хуш бод, барои шахсе, ки Парвардигор аз ӯ розӣ мебошад. Худовандо, зиёда аст ҷалолу шукӯҳат. Ба ҳурмати бузургият тақвои ҷумла муъминону муъминаҳоро зиёда бигардон. Омин!

Сари равшандилон Сиддиқи аъзам,

Ки шуд иқлим тасдиқаш мусаллам.

Зи меҳраш рӯзи динро рӯшноӣ,

Бад-ӯ аҳли яқинро ошноӣ

Сияҳдил кай кунад ин қавл бовар?

Тафовутҳои даврон бин зи довар.

(Ҷ.Румӣ)

Поёни сураи “Лайл”. Ва лиллоҳил ҳамд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Лайл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Лайл Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Зуҳо – Тафсири Осонбаён (Қуръон)