Сураи Луқмон Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Лукмон Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Луқмон Ояти 14

وَوَصَّيۡنَا الۡاِنۡسٰنَ بِوَالِدَيۡهِ‌ۚ حَمَلَتۡهُ اُمُّهٗ وَهۡنًا عَلٰى وَهۡنٍ وَّفِصٰلُهٗ فِىۡ عَامَيۡنِ اَنِ اشۡكُرۡ لِىۡ وَلِـوَالِدَيۡكَؕ اِلَىَّ الۡمَصِيۡرُ ١٤

Ва вассайна-л-инсана би валидайҳи ҳамалатҳу уммуҳу ваҳнан ъала ваҳни-в ва фисалуҳу фӣ ъамайни анишкур лӣ ва ли валидайка илайя-л-масӣр. 14.

14. Ва одамиро ба нисбати падару модари вай фармудем. Модари вай дар ҳоли сустӣ болои сустии дигар вайро дар шиками худ бардоштааст ва аз шир бозгирифтани ӯ дар ду сол аст, ба ӯ супориш кардем, ки «Маро ва падару модари худро шукргузорӣ кун! Бозгашт ба сӯи Ман аст.

Дар ояти мазкур Худованд хабар додааст, ки Мо дар бораи риъояи ҳуқуқи падару модар ба фарзанди инсон супориш додаем. Албатта, ин амр ихтиёрӣ нест, балки амри Худост. Пеш аз он, ки амр аз чӣ чиз иборат аст, баён шавад, Худованд сабаби онро зикр карда гуфтааст, ки ин модари инсон аст, ки фарзанди худро дар батни худ то рӯзи таваллуд шудан мебардорад ва ба хотири он ба заъфу сустии рӯзафзун рӯ ба рӯ мешавад. Чун ӯ фарзанди худро бо чандин машаққатҳо таваллуд мекунад, кори дигаре барои ӯ оғоз мешавад, яъне, маъмур аст, ки ду соли пурра ӯро шир диҳад.

Хулоса, модар дар ин 33 моҳ, ки нӯҳ моҳи он, аксари муддати ҳамл ва 24 моҳи он муддати ширдиҳии он аст, чӣ аз ҷиҳати рӯҳӣ ва чӣ аз ҷиҳати ҷисмӣ барои фарзанди худ фидокории бисёре ба харҷ медиҳад. Барои маълумоти бештар ба ояти 233-уми сураи «Бақара» ва ба ояти 15-уми сураи «Аҳқоф» муроҷиъат шавад. Уламои изом аз мазмуни ин оятҳо чунин маъно баровардаанд, ки ақалли муддати ҳамл шаш моҳ аст. Раъйи Имом Абӯҳанифа (р) ин аст, ки муддати ширхорагие, ки байни ширхор ва ширдеҳ разоъат (хешутаборӣ) пайдо мешавад сӣ (30) моҳ аст. Аммо ҷамиъи фуқаҳо он муддатро ду сол (24 моҳ) гуфтаанд. Мисол: Дар ин муддат агар зане дар баробари фарзанди худ, фарзанди дигареро шир диҳад, зани ширдеҳ барои ӯ модару шавҳару фарзандҳои ӯ барои он тифл падару бародару хоҳар ҳисоб мешаванд, яъне чун падару бародару хоҳари насабӣ байнашон никоҳ раво нест. Дар давоми оят он васият ва супорише, ки дар оғози оят гузашт, баён шуда фармудааст, ки эй фарзанди инсон, вазифаи асосии ту ин аст, ки аввало ба ман, ки Холиқу Парвардигори туям шукргузор бош ва ҳамчунин падару модари меҳрубонатро, ки сабаби ба дунё омадани ту шудаанд, низ шукрона кун! Дониста бош, ки агар дар ин масъала кутоҳӣ кунӣ, хоҳӣ нахоҳӣ ба сӯи Ман бозмегардӣ! Дар он рӯз туро ҳисобу китоб хоҳам кард. Оре! Шукронаи Аллоҳ таъоло ва шукронаву хизмати падару модар амру супоришест аз ҷониби Парвардигор, локин набояд дар масъалаи ақидаи куфр ба онҳо итоат кард. Зеро Худованд дар ояти зер фармудааст:


Рӯйхати оятҳои Сураи Луқмон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Луқмон Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Луқмон Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)