Сураи Луқмон Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Лукмон Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Луқмон Ояти 21

وَ اِذَا قِيۡلَ لَهُمُ اتَّبِعُوۡا مَآ اَنۡزَلَ اللّٰهُ قَالُوۡا بَلۡ نَـتَّـبِـعُ مَا وَجَدۡنَا عَلَيۡهِ اٰبَآءَنَا ؕ اَوَلَوۡ كَانَ الشَّيۡطٰنُ يَدۡعُوۡهُمۡ اِلٰى عَذَابِ السَّعِيۡرِ ٢١

Ва иза Қӣла лаҳуму-т-табиъу ма анзалаллоҳу Қолу бал наттабиъу ма ваҷадна ъалайҳи абаана. А-ва лав кана-ш-шайтону ядъуҳум ила ъазаби-с-Саъӣр. 21.

21. Ва чун ба онҳо гуфта шавад: «Чизеро, ки Худо фуруд овардааст, пайравӣ кунед!» гӯянд: «Балки чизеро пайравӣ мекунем, ки бар он падарони худро ёфтаем». Оё дар ҳоле ки Шайтон онҳоро ба сӯи азоб (Дӯзах) мехонад, пайравӣ мекунанд?

Ҳеҷ шахси оқил даъвати пайғамбарони илоҳиро, ки инсонро ба сӯи роҳе мехонанд ва ки он роҳ инсонро ба Биҳишт мерасонад, раҳо намуда, дунболи даъвати шайтон, ки инсонро ба сӯйи Ҷаҳаннам мекашонад, намеравад. Ҳоло ояти мазкур ба гумроҳии бутпарастоне, ки дар масъалаи тавҳид (ягонагии Ҳақтаъоло) ҷидол (баҳсу кашмакаш) мекунанд, ишора карда гуфтааст, ки чун ба онҳо (аҳли ҷидол) гуфта шавад, ки аз он чи Худованд бар Пайғамбараш (с) нозил кардааст (аз Қуръон), пайравӣ кунед! Онҳо ба рафтори кӯркӯронаи ниёгони худ чанг зада мегӯянд, ки на! Балки мо тобеъи падарони худ мешавем ва ҳар чизеро, ки падарони мо парастиданд, мепарастем ва дар чи коре, ки мо падарони худро ёфтаем, онҳоро пайравӣ мекунем. Онҳо бутпараст буданд, мо низ будпарастӣ мекунем, дар кадом роҳе, ки онҳо равон буданд, мо низ пайи онҳо меравем.

Дар давоми оят аз тақлиде, ки ба асли ақида мухолиф аст, сароҳатан манъ намуда, Худованд гуфтааст, ки агар падарони шумо гумроҳ бошанд, шайтон онҳоро бо васвасаҳои худ мушрик сохтаву ба сӯи нори Ҷаҳаннам кашонда бошад, оё шумо низ ба онҳо пайравӣ мекунед?! Оё пайравӣ дар чунин сурат чӣ маъно дорад, мефаҳмед! Дар оятҳои зер ҳоли ду гурӯҳ баён шудааст:


Рӯйхати оятҳои Сураи Луқмон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Луқмон Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Луқмон Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)