Сураи Луқмон Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Лукмон Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Луқмон Ояти 26

لِلّٰهِ مَا فِى السَّمٰوٰتِ وَالۡاَرۡضِ‌ؕ اِنَّ اللّٰهَ هُوَ الۡغَنِىُّ الۡحَمِيۡدُ ٢٦

Лиллаҳи ма фи-с-самавати ва-л-арЗ. Инналлоҳа Ҳува-л-ғанийюл ҳамӣд. 26.

26. Мар Худорост он чӣ дар осмонҳо ва (он чи дар) Замин аст, ҳаройина, Худо бениёзу сутуда аст.

Дар оятҳои Қаблӣ собит будани сифати Холиқият (Офаридгори)-и Парвардигор гузашт. Ҳоло дар ин оят сифати Моликияти Ӯ зикр шуда, Худованд гуфтааст, ки Офарандаву андозакунанда, тадбиркунанда, ва молику соҳиби ҳамаи он чи ки дар осмонҳо ва Замин аст, Худост. Ба ҳеҷ ваҷҳ ғайри Ӯ сазовори парастиш нест. Аҳли ширку даҳриҳо мехоҳанд ё не, эътироф мекунанд ё не ҳама чиз мулку офаридаи Худост. Худованд зотест, ки ба мардум ё ба шукронаи онҳо ҳоҷат надорад, ҳар кас имон ораду шукр кунад, ба суди худи ӯст. Дар асл Ӯ таъоло аз ҷониби махлуқоти Худ ҳамдгуфташуда аст. Ба ҳамду санои онҳо низ ҳоҷат надорад. Як махлуқ (инсон) агар ҳамду ситоиш накунад, дигар тамоми махлуқот Ӯ таъолоро ҳамду сипос мегӯянд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Луқмон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Луқмон Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Луқмон Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)