Тафсири Сураи Лукмон Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Луқмон Ояти 27
وَلَوۡ اَنَّ مَا فِى الۡاَرۡضِ مِنۡ شَجَرَةٍ اَقۡلَامٌ وَّالۡبَحۡرُ يَمُدُّهٗ مِنۡۢ بَعۡدِهٖ سَبۡعَةُ اَبۡحُرٍ مَّا نَفِدَتۡ كَلِمٰتُ اللّٰهِؕ اِنَّ اللّٰهَ عَزِيۡزٌ حَكِيۡمٌ ٢٧
Ва лав аннама фи-л-арЗи мин шаҷаратин ақламу-в ва-л-баҳру ямуддуҳу мин баъдиҳӣ сабъату абҳури-м ма нафидат калиматуллоҳ. Инналлоҳа Ъазӣзун ҳакӣм. 27.
27. Ва агар он чӣ дар Замин аст аз дарахтон Қаламҳо шаванд ва дарё сиёҳӣ бошад, баъд аз ин дарё ҳафт дарёи дигар онро мадад кунанд, суханҳои Худо ба поён нарасанд. Ҳаройина, Худованд ғолибу боҳикмат аст.
Худованд дар бораи илми беинтиҳои Худ, чун мисол дар ин оят гуфтааст, ки агар дарахтони рӯйи Замин, ҳама Қалам шаванд, ҳама дарёҳо (яъне ҳама обҳои Замин) бо ҳам ҷамъ шаванд, боз ҳафт дарёи дигар ба ёрии онҳо шитобаду бо ҳам ҷамъ шуда, ҳама сиёҳӣ (ранг) шаванд, то ин ки бо ин Қаламҳо, бо ин рангҳо илми (суханҳои) Парвардигорро нависанд, ҳамаи онҳо ба охир мерасанд, аммо суханҳои Парвардигор ба охир намерасанд. Ин аст мисол барои илми беинтиҳои Парвардигор.
Хулоса, ҳеҷ кас наметавонад бузургии Парвардигор ва илми Ӯро тасаввур кунад. Зеро Худованд бо ҳама сифатҳои Худ дар ҳама корҳо ғолиб аст, ҳаргиз мағлуб ё оҷиз нахоҳад шуд. Ӯ дар тамоми амрҳо ва корҳои худ ҳаким аст ва ҳеҷ махлуқе аз доираи ҳикмати Ӯ берун нест.
(Дар бораи шаъни нузули ин оят ва барои маълумоти бештар ба даст овардан ба ояти 109-уми сураи «Қаҳф» ва дар бораи васеъ будани маънои калимаи «калимат» ба ояти 171-уми сураи «Нисо» ва ба ояти 45-уми сураи «Оли имрон» муроҷиъат шавад).
Рӯйхати оятҳои Сураи Луқмон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «