Тафсири Сураи Лукмон Ояти 32 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Луқмон Ояти 32
وَاِذَا غَشِيَهُمۡ مَّوۡجٌ كَالظُّلَلِ دَعَوُا اللّٰهَ مُخۡلِصِيۡنَ لَهُ الدِّيۡنَ فَلَمَّا نَجّٰٮهُمۡ اِلَى الۡبَـرِّ فَمِنۡهُمۡ مُّقۡتَصِدٌ ؕ وَمَا يَجۡحَدُ بِاٰيٰتِنَاۤ اِلَّا كُلُّ خَتَّارٍ كَفُوۡرٍ ٣٢
Ва иза ғашияҳум-м мавҷун ка-з-зулали даъавуллоҳа мухлисӣна лаҳу-д-дӣна фа ламма наҷҷаҳум ила-л-барри фа минҳум-м муқтасид. Ва ма яҷҳаду би айатина илла куллу хаттарин кафур. 32.
32. Ва ҳар вақто мавҷе монанди соябонҳо онҳоро даргирад, ибодатро барои Худо холис карда бихонанд. Пас, он гоҳ ки ба сӯи хушкӣ онҳоро наҷот дод, пас, баъзе аз онҳо миёнарав бошанд. Ва оятҳои моро инкор накунанд, магар ҳар аҳдшиканандаи носипос.
Худованд дар ояти мазкур гуфтааст, ки ҳангоме баъзе мардум бо киштӣ ба сафари дарёӣ мебароянд, чун байни баҳр мешаванд ва нохост тӯфон бармехезад, чун мавҷи кӯҳпайкари об болои сари онҳо Қарор мегирад ва киштӣ масири худро гум карда ба ҳалокат наздик мешаваду киштинишастагон ҳалок шудани худро яқин мекунанд, аз рӯйи хавфу тарс ҳама кори худ ва ҳатто бутпарастии худро фаромуш мекунанд. Зеро пардаи мушрикӣ аз рӯйи Қалбашон канор меравад, нури тавҳид (яктопарастӣ)-е, ки аслан дар табиъаташон буд, Қалбашонро равшан месозаду ба фикри он мераванд, ки оё касе ҳаст, ки моро аз ин тӯфони бало наҷот диҳад!?. Вақто, ки тавҳидашон холис шудан мегирад, ҳама дину ойинро махсуси Худованд медонанду ба худ мегӯянд: «Он касе, ки пайдо шудани ин мавҷҳои кӯҳпайкар дар ихтиёри Ӯст, ягона Ӯ метавонад аз ин вартаи ҳалокат моро наҷот диҳад».
Хулоса, даст ба дуъову ниёиш мезананд, аҳдҳо мебанданд, назрҳо пешниҳод мекунанд ва халосии худро аз Ӯ таъоло пурсон мешаванд. Ҳангоме ки мавҷҳои кӯҳмонанд фурӯ нишинанду онҳо аз ин вартаи ҳалокат солим ба соҳили наҷот расанд, баъзе аз онҳо мардонавор дар аҳду паймони худ бовафо боқӣ мемонад, ки онҳоро гурӯҳи муқтасид (миёнараву дар аҳди худ бовафо) мегӯянд. Аммо гурӯҳи дигаре аз онҳо ҳамин, ки тӯфон фурӯ нишасту аз вартаи марг наҷот ёфтанд, боз ба кори мушриконаи худ идома медиҳанд ва пардаҳои куфрро болои имони фитрие, ки дар Қалб доштанд, мепӯшонанд.
Дар охир Худованд гуфтааст, ки оятҳои моро ғайри паймоншиканон ва ғайри куфронкунандагон касе инкор намекунад. Валлоҳу аълам.
Худованд дар охири ин сура ба таври умум хитоб намудааст, ки…
Рӯйхати оятҳои Сураи Луқмон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «