Сураи Луқмон Ояти 33 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Лукмон Ояти 33 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Луқмон Ояти 33

يٰۤاَيُّهَا النَّاسُ اتَّقُوۡا رَبَّكُمۡ وَاخۡشَوۡا يَوۡمًا لَّا يَجۡزِىۡ وَالِدٌ عَنۡ وَّلَدِهٖ وَلَا مَوۡلُوۡدٌ هُوَ جَازٍ عَنۡ وَّالِدِهٖ شَيۡـــًٔا‌ ؕ اِنَّ وَعۡدَ اللّٰهِ حَقٌّ‌ ۖ فَلَا تَغُرَّنَّكُمُ الۡحَيٰوةُ الدُّنۡيَا وَلَا يَغُرَّنَّكُمۡ بِاللّٰهِ الۡغَرُوۡرُ‏ ٣٣

Йа айюҳа-н-насуттақу Раббакум вахшав явма-л ла яҷзӣ валидун ъа-в валадиҳӣ ва ла мавлудун ҳува ҷазин ъа-в валидиҳӣ шай-а. Инна ваъдаллоҳи ҳаққ. Фа ла тағурраннакуму-л ҳайату-д-дунйа ва ла яғурраннакум биллаҳи-л-ғарур. 33.

33. Эй мардум, аз Парвардигори хеш битарсед ва аз рӯзе ҳазар кунед, ки ҳеҷ падар ба ҷои писари хеш кифоя накунад ва ҳеҷ фарзанд ба ҷои падари худ чизеро кифоякунанда набошад! Ҳаройина, ваъдаи Худо рост аст, пас, шуморо (ғурури) зиндагонии дунё фиреб надиҳад ва шуморо шайтони фиребанда фиреб надиҳад.

Худованд дар ин оят гуфтааст, ки ай мардум, шумо бо иҷрои амрҳо ва дурӣ ҷустан аз амалҳои манъшуда аз Худо битарсед. Битарсед аз рӯзе, ки дар он рӯз ҳар инсон аз рӯйи тарс бо худ овора аст ва ҳатто падар ба доди фарзанди худ расида наметавонад. Ҳамчунин битарсед аз он рӯзе, ки ҳеҷ фарзанде ба ҷойи падари худ низ чизеро кифоя накунад ва ба падари худ ҳеҷ ёрие расонида натавонад. Пас, вақто ки падар ба фарзанд ва ё фарзанд ба падари худ ёрӣ расонида натавонад, аз хешу табори наздик, ё аз дӯстони бегона, дар он рӯз, чӣ ҷойи умед аст? Хулоса, дар дунёву охират тӯшаи инсон тақво (тарс)-и Худост. Агар тақво набошад, натиҷаи хубро умед кардан нашояд. Зеро тарси аз Худо ҷузъи ҷудонашавандаи ақидаи ҳар инсон аст. Бегумон, ваъдаи Аллоҳ таъоло ба ҳисобу ҷазо ҳаққ аст, ҳеҷ хилофе дар он нест. Ҳар чизе, ки Худованд ваъда додааст, хоҳ подош бошад, хоҳ ҷазо, албатта, иҷро шуданист ва ҳаргиз ваъдаи Худованд ба Қафо барнамегардад. Зиндагонии дунё ҳарчанд зебо бошад, албатта, аз байн рафтанист, бояд дунё шуморо чунон нафиребад, ки аз тоъату ибодати Ӯ таъоло боз монед. Ҳамчунин ғарур (шайтон)-и маккор шуморо бо орзуҳое, ки дар дилҳои шумо мепарваронад ва аз охират шуморо ғофил месозад, нафиребад, зеро ӯ шуморо васваса карда мегӯяд: «Раҳмати Парвардигор васеъ аст, дар ин дунё чорто маъишат кун, Худо туро мебахшад ва ҳоказо». Агар тарс аз Худованд, ё аз рӯзи Қиёмат дар дили инсон бошад, инсон худдорӣ мекунад ва даст ба кори гуноҳ намезанад.

(Барои маълумоти бештар ба оятҳои 1-2-уми сураи «Ҳаҷ» ва ба ояти 120-уми сураи «Нисо» ва ояти 64-уми сураи «Исро» муроҷиъат шавад).

Худовандо! Моро аз ҷумлаи шахсоне Қарор деҳ, ки ба ғайр аз Худат бар касе ё ба чизе умед намебанданд! Омин!


Рӯйхати оятҳои Сураи Луқмон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Луқмон Ояти 32 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Луқмон Ояти 34 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)