Тафсири Сураи Маъарич / Маъориҷ / Маъорич – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Маъариҷ 70-ум сураи Қуръон буда, дар Макка нозил шуда аз 44 оят иборат аст.
Дар ин сура ақидаи Исломӣ муъолиҷа ёфта, дар он ҳадиси қиёмат ва ҳолати он, рӯзи охирату он чи дар он мегузарад аз машаққату роҳат, аҳволи мӯъминину муҷримин дар дори ҷазо ва хулд (ҳамешагӣ) зикр мешавад. Инчунин аз куффори Макка, ки баъсу нушурро инкор карда, Расулуллоҳ (с)-ро масхара мекарданд сухан меравад.
Сураи мазкур аз даъвати расули Худо (с) оғоз гардида, дар он омадааст, ки чун Расулуллоҳ (с) аҳли Маккаро аз азоби қиёмат бим медод, онҳо ба ҷойи панд гирифтан туғён намуда ӯ (с)-ро мазоҳ мекарданд.
Аз табиати инсоне, ки чун ба хубӣ ноил гардад ба қадраш намерасад, чун андаке сахтӣ бинад шикоятро оғоз мекунад низ сухан меравад. Инчунин Ҳақсубҳонаҳу ва таъоло дар ин сура сифату фазилату ахлоқи муъминонро ёдрас кардааст. Ҳамчунин савобу подоше, ки барои онҳо омода карда шудааст ва сифати наъими Ҷаннатро низ баён намудааст. Аллоҳтаъоло барои ин сура бо назардошти якравии кофирони Макка бо савганд барпошавии Қиёмат, аз нав зиндагардонидан ва бо ҳисобу ҷазоро таъкид кардааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Маъариҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «