Қадбаланд шудан имкон дорад?

0

На ҳамаи инсонҳо аз додаҳои табиат розиянд. Ба яке гушҳои дарози доштааш писанд нест, дигаре аз бинии калон шикоят дораду сеюми аз қади паст норозист :). Вале ҳар як додаи табиатро метавон хуб истифода кард ва рушд дод. Оё баланд кардани қад имкон дорад? Матлаби зер ба ҳамин нигаронида шудааст.

Кадом омилҳо ба қад таъсир дорад ва чӣ гуна онро метавон баланд кард?

1. Ирсият
Қади падар ва модар таъсири мустақим ба фарзанд дорад. Агар фарзанд қади пастро аз волидайн “мерос гирифта бошад”, баланд кардани он хеле мушкил аст (аммо инро дар хотир доред, ки имконнопазир нест).

2. Ғизо
Хӯроки серғизо барои доштани қади баланд нақши муҳим мебозад. Табибон барои баланд намудани қад истеъмоли витамини “D”-ро тавсия медиҳанд. Ин витамин бештар дар таркиби тухм, моҳӣ, панир ва маҳсулоти ширӣ мавҷуд аст. Инчунин хӯрокҳои варзишӣ аз қабили “протеин” аз маҷмуи зиёди ин витамин таркиб ёфтааст, аммо мутахассисон истеъмоли онро тавсия намедиҳанд, чунки он дар натиҷаи омехта кардани чанд мавод ҳосил мегардад ва ба баъзе узвҳои инсон хатар дорад.

3. Варзиш
Барои баланд намудани қад табибон ва мураббиёни варзиш машғул шудан ба турниккашӣ, оббозӣ, ҷаҳидан ба баландӣ, баскетбол ва волейболро тавсия медиҳанд. Варзишҳои зикршуда аз назари коршиносон беҳтарин василаҳои дароз кардани қад ба шумор мераванд.

4. Маҳс
Маҳс (массаж), махсусан маҳси китф, дар инкишофи қад нақши созгор дорад. Аз нигоҳи мутахассисон дарозшавии қад аз инкишофи устухон вобаста аст ва маҳс ҷараёни инкишофи устухонро метезонад.

5. Хоб
Табибон ба нафароне ки орзуи қадбаланд шуданро доранд, дар як шабонарӯз 9 соат хоб карданро ҳатмӣ медонанд.

5 қадбаландтарин баскетболбозон дар таърих


Сарчашмаҳои истифодашуда:
1. “Анатомияи одам – Ибодов Ҳ.И , Ҳасанов Ю.С , Қурбонов С.С”
2. fitseven.ru


Кадбаланд шудан, чи тавр кади худро дароз кунам, дароз кардани кад.

Мақолаи қаблӣМагар Месси мусалмон аст?
Мақолаи баъдӣСтив Ҷобс ва сирри муваффақиятҳои ӯ

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед