Сураи Марям Ояти 64 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Марям Ояти 64 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Марям Ояти 64

وَمَا نَتَنَزَّلُ إِلَّا بِأَمْرِ رَبِّكَ ۖ لَهُ مَا بَيْنَ أَيْدِينَا وَمَا خَلْفَنَا وَمَا بَيْنَ ذَٰلِكَ ۚ وَمَا كَانَ رَبُّكَ نَسِيًّا ٦٤

Ва ма натаназзалу илла би амри Раббика лаҳу мабайна айдӣна ва ма халфана ва ма байна залик. Ва ма кана Раббука насиййа. 64.

64. Ва (фариштагон) гуфтанд: «Ва Мо фурӯ намеойем, магар бо ҳукми Парвардигори ту. Ӯрост илми он чӣ пеши мост ва он чӣ паси мост ва он чӣ дар миёни ин аст ва Парвардигори ту фаромӯшкор нест».

Вақто ки Ҷабраил (а) бо амри Худованд баъди таътили ваҳй назди Расулуллоҳ (с) омад, ба ӯ (с) гуфт, ки бе фармони Худованд ба назди ту омаданро ихтиёр надорем. Ҳама кору ҳама чиз ва он чи пеши рӯи мост ва он чи пушти сари мост ва он чи дар миёни ин ду ҳаст, ҳама дар ихтиёр Ӯст. Инро низ бидон, ки омадани ваҳй, агарчи андак ба таъхир афтода бошад ҳам, маънои онро надорад, ки Ӯ таъоло туро фаромӯш кардааст. На! Ӯ таъоло ҳаргиз фаромӯшгор набуд ва нест. Кадом вақт ба ту лозим шудани ваҳйро Ӯ таъоло хуб медонад. Ҳамин, ки амр шуд, мо ба назди шумо хоҳем омад…


Рӯйхати оятҳои Сураи Марям «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Марям Ояти 63 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Марям Ояти 65 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)