Сураи Марям Ояти 70 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Марям Ояти 70 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Марям Ояти 70

ثُمَّ لَنَحْنُ أَعْلَمُ بِالَّذِينَ هُمْ أَوْلَىٰ بِهَا صِلِيًّا ٧٠

Сумма ланаҳну аъламу би-л-лазӣна ҳум авла биҳа силиййа. 70.

70. Сипас, албатта, Мо бо касоне, ки ба даромадани Дӯзах сазовортаранд, донотарем.

Худованд, дар ин оят бо таъкид хабар додааст, ки киҳо сазовори дохил шудан ба Ҷаҳаннаманд, Мо донотарем, бе ягон иштибоҳ онҳоро интихоб мекунем.

Хулоса, касе дар баробари Худои Раҳмон, дар гуноҳ кардан ҷуръатноктар аст ба дохил шудани Ҷаҳаннам ӯ сазовортар аст. Ӯ кист, кай ва чӣ хел дохили Ҷаҳаннам мешавад, ин ҳама ба илми Худованд вобастааст. Валлоҳу аълам.


Рӯйхати оятҳои Сураи Марям «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Марям Ояти 69 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Марям Ояти 71 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)