Тафсири Сураи Масад Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Масад Ояти 4
وَّامۡرَاَتُهٗ ؕ حَمَّالَةَ الۡحَطَبِۚ ٤
Вамраатуҳу ҳаммалата-л-ҳатаб. 4.
4. Ва зани ӯ низ дарояд, ки бардорандаи ҳезум буд.
Яъне ба зудӣ зани ӯ Авроа Уммул Ҷамил хоҳари Абӯсуфён, ки ҳезумкаш буд бо ҳамроҳии шавҳараш ба нори (оташи) Ҷаҳаннам медарояд, чунки ӯ бар зидди Расули Худо (с) байни мардум суханчинӣ мекард ва оташи адоват ва буғзро байни мардум бар муқобили Расулуллоҳ (с) дармегиронд.
Ба ривояте он малъуна барои азият ва озор додани Расулуллоҳ (с) ва саҳобагон шабонгоҳ дарзаи хорро дар роҳи онҳо меандохт. Бинобар ин, Худованд фармудааст, ки чун зани Абӯлаҳаб дар ин ҷаҳон барои озор додани Расулуллоҳ (с) бо шавҳари худ ҳамдастӣ мекард, дар Дӯзах ҳам ҳамроҳи шавҳараш тӯъмаи оташи тоқатфарсо хоҳад шуд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Масад «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «