Сураи Масад Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Масад Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Масад Ояти 5

فِىۡ جِيۡدِهَا حَبۡلٌ مِّنۡ مَّسَدٍ ٥

Фӣ ҷӣдиҳа ҳаблу-м мим масад. 5.

5. Дар гарданаш ресмоне аст аз лифи хурмо.

Дар ривояте омадааст, ки ресмони хоркашии зани Абӯлаҳаб аз лифи хурмо бофта шуда буд. Дар рӯзи қиёмат аз он ресмон занҷири оҳанини хордор сохта, ба гардани он палида андохта азобаш медиҳанд. Инчунин дар дунё низ он палида бо тарзи нангин ва ибратомӯз ҳалок шуд. Ресмони хоркашиаш дар гулӯяш печид, хафа шуд ва бо азоб ҷон дод. Дар ривоятҳо низ ҳаст.

Акнун насиби ту, эй инсон, ин аст, ки ба дӯстони Ҳақтаъоло душманӣ накунӣ, то ба азоби абадӣ гирифтор нашавӣ. Ҳаққи муъмин он аст, ки ҳамчу Абубакри Сиддиқ (р) вафодору содиқ боши. На ҳамчу Абӯлаҳаб ва завҷаи ӯ мункир шавию доимо дар паи озори дӯстони Худо бошӣ ва дар роҳи Расулуллоҳ (с) ва ёрони ӯ (с) хори мағелони лафзию маънавӣ пошӣ! Дар ин бора дигар ривоятҳо низ ҳаст.

Бадгуҳарҳо ба насиҳат нашаванд некниҳод,

Гар мулоим шаванд имрӯз ба фардо нашаванд.

Ҳар гилеме, ки азал бо ранги сиёҳ бофта буд

Нуҳ фалак собун агар созӣ, мусаффо нашаванд

Каҷсириштон ҳама бар нақши каҷ хоҳанд рафт,

Ин каҷиҳо рост ба афсуни Масиҳо нашаванд.

Дидаи кӯри азал ҳайф кунад доруро,

Пари Ҷибрил занад гар сурма, ӯ бино нашавад.

(Ҷунунӣ)

Поёни сураи “Масад”. Валиллоҳил ҳамд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Масад «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Масад Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ихлос – Тафсири Осонбаён (Қуръон)