Сураи Масад (таббат) – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Масад / Лахаб / Лаҳаб / Таббат – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Масад 111-уми сураи Қуръон буда дар Маккаи мукаррама нозил шуда, аз 5 оят иборат аст.

Сураи “Масад”-ро “ал-Лаҳаб” ё “Таббат” низ меноманд. Ин сура ҳалоки Абулаҳабро пешгӯӣ намуда, аз душмании ӯ бо Худо ва Расули Худо (с) сухан мекунад. Ӯ яке аз сахттарин душманони Расулуллоҳ (с) буда, тамоми фаъолияташро бар зидди даъвати он кас (с) равона сохта буд. Абӯлаҳаб садди роҳи мардум мешуд, намегузошт, ки мардум ба Худо ва пайғамбари Ӯ (с) имон оранд, ҳол он, ки ӯ амаки Расулаллоҳ (с) буд. Ояте аз ин сураи муборака он бадбахтро бинобар амалҳои баде, ки дар ҳаққи Расулуллоҳ (с) раво дида буд, таҳдид намуда, дохил шудани ӯро дар охират дар оташи алангадори Ҷаҳаннам аниқу тасдиқ кардааст.

Инчунин ҳолати даҳшатвору нангини завҷаи Абӯлаҳаб дар оташи Ҷаҳаннам тасвир гардидааст.

Сабаби нузули ин сураи муборакро Ибни Аббос (р) чунин ривоят мекунанд:” Вақте ки ояти “Ва анзир аширатакал ақрабин” яъне “Хешони наздикатро аз Ислом огоҳ кун” нозил шуд, Расулуллоҳ (с) болои кӯҳи Сафо баромаданд ва нидо карданд: “Ё бани Фиҳр! Ё бани Адӣ!” ва ҳоказо. Хулоса, ҳар як қабиларо алоҳида нидо мекарданд ва ҳар касе, ки омада наметавонист ба ҷояш дигар нафарро мефиристод, то бифаҳмад, ки хабар чист?

Пас, ҳамаи қабилаи Қурайш ва амаки Расулуллоҳ (с) Абӯлаҳаб ҷамъ омаданд ва ба ӯ (с) гуфтанд: “Чӣ мехоҳӣ?” Расулуллоҳ (с) гуфт: “Агар ман хабар диҳам, ки дар фалон водӣ аскарони саворае барои ғорати шумо омаданд, оё шумо сухани маро тасдиқ мекунед?” Он ҷамоа ҳамагӣ гуфтанд:” Оре! Зеро ки мо аз ту ҳеҷ гоҳ дурӯғеро мушоҳида накардаем.” Пас, Расулуллоҳ (с) ин оятро қироат карданд: “Фа иннӣ назирун лакум байна ядайя ъазобун шадид”- яъне “Ман тарсдиҳанда ва бимдиҳандаам барои шумо, ки назди ман дар оянда азоби сахтест барои шумо”. Пас, Абӯлаҳаб гуфт: “Табан лака ё Муҳаммад А-лиҳозо ҷамаътано?”, яъне “Марг бар ту! Магар барои ҳамин моро ҷамъ кардӣ?” Абулаҳаб дар ҳини сухан гуфтан дастонашро ба сӯйи Он ҳазрат (с) сахт ҳаракат медод. Соҳиби “Руҳул Маъонӣ” аз баъзе олимон ривоят карда мегӯяд, ки он бадбахти шақӣ сангеро ҳам гирифта хост ба сӯйи Расулаллоҳ (с) партояд. Дар он ҳол ин сура нозил шуд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Масад «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наср Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Масад Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)