Тафсири Сураи Наср Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наср Ояти 3
فَسَبِّحۡ بِحَمۡدِ رَبِّكَ وَاسۡتَغۡفِرۡهُ ؔؕ اِنَّهٗ كَانَ تَوَّابًا ٣
Фа саббиҳ би ҳамди Раббика вастағфирҳ. Иннаҳу кана тавваба. 3.
3. Пас, Парвардигори худро ҳамроҳии ҳамд ба покӣ ёд кун ва аз Ӯ омурзиш хоҳ, албатта, Ӯ бисёр тавбапазир аст.
Аллоҳ таборак ва таъоло зимни мазмуни ин оят ба Расулуллоҳ (c) фармудааст, ки эй Пайғамбари Мо, барои шукронаи неъматҳое, ки аз ҷониби Мо ба ту арзонӣ фармуда шуд, Парвардигоратро ба покӣ ёд кун ва тасбеҳ (субҳоналлоҳ) гӯй. Ҳангоми тасбеҳ гуфтан ба Парвардигорат ҳамд (Алҳамдулиллоҳ) низ гӯй. Инчунин барои худ ва умматони худ омурзиш бихоҳ, ки албатта, Аллоҳтаъоло барои бандагони муъмин тавбаро бисёр хуб қабулкунанда ва барои онҳо раҳматкунандаи бузург аст. Расулуллоҳ (с) баъди нузули ин сура. “Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи астағфируллоҳа ва атубу илайҳ”-ро бисёр мегуфтанд. Баъди нузули ин сура Он ҳазрат (с) донистанд, ки вазифаи дунявиашон ба охир расидааст, акнун сафари охират дар пеш аст. Фатҳи Макка дар моҳи муборакаи Рамазон дар соли 8-уми ҳиҷрӣ ва вафоти он зоти бобаракот, он Ҳабиби Раҳмон ва шафоатхоҳи умматон дар моҳи Рабиул-аввали соли 10-ӯми ҳиҷрӣ ба вуқӯъ пайваст.
Буд то зинда он Ҳабиби Вадуд,
Дар ғами осиёни уммат буд.
Вақти рафтан Расули озода,
Умматй-ӯмматй гуфта ҷон дода.
Рӯзи баъс чун шавад оғоз,
Умматй гуфта-гуфта хезад боз.
Вой бар ҳоли касе, ки худро уммати он ҳазрат (с) ҳисобаду пайрави ӯ (с) набошад.
Албатта, бамаврид аст, ки инсон ҳангоми расидан ба файзу футӯҳоти Аллоҳтаъоло бояд “Субҳоналлоҳ” гӯяд, ҳангоми соҳиби неъматҳои Ӯ таъоло гаштан “Алҳамдулиллоҳ” гӯяд ва барои рафъи кӯтоҳии худ бояд “Астағфируллоҳ” гӯяд.
Имом Аҳмад аз Оиша модарамон (р) ривоят мекунад, ки Расулуллоҳ (с) (Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи астағфируллоҳ ва атубу илайҳи)-ро вақтҳои охир баъди фатҳи Макка бисёр мегуфтанд.
Нома расид аз он ҷаҳон, баҳри муроҷиат барам,
Азми руҷӯъ мекунам, рахте ба Арш мебарам.
Ин аст каффорати маҷлис ва андарзу охири ин сураи «Наср». Ва лиллоҳил ҳамд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наср «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «