Тафсири Сураи Моъун Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Моъун Ояти 3
وَلَا يَحُضُّ عَلٰي طَعَامِ الْمِسْكِيْنِ ٣
Ва ла яҳуЗЗу ъала таъами-л-мискӣн. 3.
3. Ва мардумро ба таъом додани мискин тарғиб намекунад.
Яъне на худаш фақиру муҳтоҷонро дастгирӣ мекунад ва на дигаронро ба ин кор ташвиқу тарғиб менамояд. Маълум аст, ки раҳм кардан ба ятимон ва фақирон дар таълимоти Ислом яке аз бузургтарин сифатҳои ахлоқ шуморида мешавад ва донишмандони дин ба фазилати он эътиқод доранд. Касе аз чунин ахлоқи ҳамида дурӣ ҷӯяд, бидон, ки мартабаи чунин инсон мартабааш аз ҳар чи ҳам пасттар аст. Чунин шахс ба дин чӣ алоқа ва ба Аллоҳтаъоло чӣ гуна дилбастагӣ дорад? Агар чунин ашхос ба рӯзи ҷазо ва ҳисоби он рӯз яқин бовар мекарданд, онҳо ҳаргиз соҳиби чунин сифатҳои бад намешуданд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Моъун «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «