Сураи Моъун Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Моъун Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Моъун Ояти 4

فَوَيْلٌ لِّلْمُصَلِّيْنَ ٤

Фа вайлу-л лил мусаллӣн. 4.

4. Пас, вой бар он намозгузорон!

Дар ин оят калимаи “вайл” (вой) барои ифодаи ҳолати бад-азоб, ҳалокат истифода шудааст. Мувофиқи фикри муфассирони киром ин оят (ояти 4-ум) ҳам ба оятҳои 1-3-юм алоқаманд аст, ҳам ба оятҳои 5-7-ум. Бо назардошти ин фикр тафсири ин ояти карима чунин намуд мегирад:

Вой (азоб ва ҳалокат) ба ҳоли шахсоне, ки рӯзи қиёматро дурӯғ мешуморанд, ба ятимону муҳтоҷон дуруштӣ мекунанд, ба онҳо ёрӣ намедиҳанд, ҳатто дигаронро ба дастгирӣ ва ёрии ятимон ва муҳтоҷон тарғиб намекунанд. Инчунин вой бар ҳоли намозгузорони мунофиқ (Оид ба маънои “мунофиқ” ва сифатҳои асосии инсони мунофиқ ба саҳ. 114, “Тафсири осонбаён” пораи 28 чопи соли 2001 муроҷиат намоед). Чи гуна намозгузорон?…


Рӯйхати оятҳои Сураи Моъун «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Моъун Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Моъун Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)