Тафсири Сураи Муддассир Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Муддассир Ояти 10
عَلَى الۡكٰفِرِيۡنَ غَيۡرُ يَسِيۡرٍ ١٠
Ъала-л-кафирӣна ғайру ясӣр. 10.
10. Он рӯз бар кофирон осон набошад.
Зеро баъди ҳисобу китоби амалҳояшон чун кофирон номаҳои аъмоли худро ба дасти чапашон мегиранд ба яқин медонанд, ки аз зумраи азобшавандагонанд, чеҳраҳои онҳо назди Парвардигор сиёҳ мегарданд. Оё бо рӯйи сиёҳ назди Аллоҳтаъоло истодан ин кори осон аст?
Ояти оянда тавре дар муқаддимаи сура ишора рафт ба Валид ибни Муғира вобастагӣ дорад.
Яъне рӯзе он ҳазрат (с) дар масҷид ояти нозилшуда (Ҳо Мим)-ро тиловат мекард, Валид ибни Муғира он ҷо ҳузур дошт аз шунидани каломи раббонӣ нарм гардида, ба назди қавми худ баргашт. Ӯ ба қавмаш гуфт: “Ба Худо қасам, ки ман ҳозир аз Муҳаммад як сухан шунидам, ки он сухани инсон нест ва он сухани ҷин ҳам нест. Он сухан як ҳаловате дорад ва бо худ як таъсири аҷибе дорад. Албатта, болои он сухан самарадор аст ва поёни он пурбаракат аст ва ҳеҷ сухан аз он болотар шуда наметавонад.” Чун инро ба қавмаш хабар доду ба тарафи хонааш раҳсипор гашт, қабилаи Қурайш бо худ гуфтанд: “Ба Худо қасам Валид аз дини бобоёнаш баромад, акнун ҳамаи Қурайшиҳо аз дини худ мебароянд. Дар ин асно Абӯҷаҳл аз ҷойи худ бархест ва гуфт: “Ӯро ба ман гузоред, ман худам ӯро ба роҳ медарорам”. Абӯҷаҳл аз он ҷо берун шуду ба назди Валид рафт ва ба сурати маҳзун дар пеши ӯ нишаст. Валид ин ҳолати ӯро дида пурсид: “Чаро чунин маҳзун ҳастӣ?” Абӯҷаҳл дар ҷавоб гуфт: “ман маҳзун набошам, кӣ бошад?” ва бо як маккории ба худ хос суханашро идома дода гуфт: “Ҳамқавмони ту бароят ҳамчун як кумак нафақа ҷамъ карда истодаанд, онҳо фикр доранд, ки ту сухани Муҳаммадро қабул карданӣ ҳастӣ, зиёдати таоми ӯву Абубакрро пурсиданӣ ҳастӣ ва бо ин мехоҳӣ лошахӯри онҳо бошӣ. Бинобар ин ҳамаи мо барои ту ёрӣ расониданӣ шуда, нафақа ҷамъ мекунем ва мо намехоҳем, ки ту худро чунин хор бисозӣ.” Валид аз ин сухан дар ғазаб гардида гуфт: “Оё ту магар намедонӣ, ки молу фарзандони ман аз ҳама зиёд аст? Чӣ магар Муҳаммад ва ёронаш сер карданд, ки таъоми онҳо зиёдатӣ кард? Кай ман таги табақи онҳоро талаб дорам? Ту Абӯҷаҳл ба ман чунин ҳарф мазан! Ту чиҳо мегӯӣ?”.
Валид бархоста бо Абӯҷаҳл ба назди ҳамқавмонаш омад ва пурсид: “Шумо Муҳаммадро девона мегӯед, оё ягон маротиба девонагии ӯро дидаед?”. Онҳо гуфтанд: “Ба ҳаққи Худо мо надидаем”. Валид боз пурсид: “Вайро фолбин гуфтед, ягон дафъа фолбинии вайро мушоҳида кардед?” Ҳозирин дар ҷавоб гуфтанд: “Ба ҳаққи Худо мо ин корро аз ӯ надидаем”. Валид гуфт: “Ӯро шоир хондед оё боре шеър эҷод кардани ӯро ба чашматон дидед?”. онон гуфтанд: “Ба Худо надидем.” Валид боз ба шиддат аз онҳо пурсид: “Муҳаммадро шумо дурӯғгӯй гуфтед, оё боре ҳам дурӯғгӯии ӯро дидаед?” Сарони қавми Қурайш гуфтанд: “Ба ҳаққи Худо надидаем.” (Зеро ҳазрати Муҳаммад (с) ҳанӯз пеш аз рисолат бо ростгуӣ, амонатдорӣ ва нармии худ дар миёни қавми Қурайш бо лақаби “Амин” машҳур гашта буд.) Қурайшиҳо пас аз ин суолу ҷавоб бо Валид ба ӯ нигариста, пурсиданд, ки ӯро чӣ бигӯем? Валид лаҳзае ба фикр фурӯ рафта, аз рӯйи такабурие, ки дошт гуфт: “Суханоне, ки Муҳаммад мегӯяд ба ҷуз сеҳр дигар чизе нест”. Бо ин ҷавобаш он бадбахт бадбахттар шуд.
Оятҳои зер дар ҳаққи он Худоношинос нозил гардидааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Муддассир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «