Тафсири Сураи Муддассир Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Муддассир Ояти 44
وَلَمۡ نَكُ نُطۡعِمُ الۡمِسۡكِيۡنَۙ ٤٤
Ва лам наку нутъиму-л-мискӣн. 44.
44. Ва набудем, ки мискинро таъом бидиҳем.
Ҳамчунин аҳли Дӯзах мегӯянд, ки бар мо лозим буд аз моле доштем барои мискинҳо хайру садақаву эҳсон кунем, вале мо ин амали ҳасанаро накардем. Ин сабаби дуюм аст, ки моро тӯъмаи оташи Дӯзах гардонид.
Рӯйхати оятҳои Сураи Муддассир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «