Сураи Муддассир Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Муддассир Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Муддассир Ояти 43

قَالُوۡا لَمۡ نَكُ مِنَ الۡمُصَلِّيۡنَۙ ٤٣

Қолу лам наку мина-л мусаллӣн. 43.

43. Гӯянд: «Мо аз намозгузорон набудем.

Дӯзахиён дар ҷавоби ҷаннатиҳо гӯянд, ки мо аз ҷумлаи намозхонҳои барои ризои Худо набудем.

Аз мазмуни ояти мазкур маълум мешавад, ки як сабаби асосии дар Дӯзах рафтани инсонҳо бенамоз будан аст. Аз дигар оятҳо, ки тафсирашон гузашт маълум мешавад, ки сабаби умдаи дӯзахӣ гаштани инсон беимонист. Натиҷа он аст, ки имону намоз ба ҳамдигар сахт вобастаги доранд. Ба ҳамин хотир ҳар як мусалмонро лозим аст, ки барои дарёфти ризои Худо бояд намозро барпо бидорад. Сифати инсонҳои ҷаҳаннамӣ дар оятҳои зер идома доранд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Муддассир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Муддассир Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Муддассир Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)