Тафсири Сураи Муддассир Ояти 49 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Муддассир Ояти 49
فَمَا لَهُمۡ عَنِ التَّذۡكِرَةِ مُعۡرِضِيۡنَۙ ٤٩
Фа ма лаҳум ъани-т-тазкирати муъриЗӣн. 49.
49. Пас, чист онҳоро, ки аз панд рӯй гардониданд?
Қуръон, ки оётҳои он аз мавъиза, насиҳат, иршодот саршор аст ва он сухани Аллоҳтаъоло буда аз он болотар дигар сухане нест, чаро онро шуниданд ва онро дастури зиндагии хеш насохтанд? Сифатӣ шахсоне, ки аз насиҳатҳои Қуръонӣ рӯй мегардонад дар ояти зер баён мешавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Муддассир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «