Тафсири Сураи Муддассир Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Муддассир Ояти 5
وَالرُّجۡزَ فَاهۡجُرۡ ٥
Ва-р руҷза фаҳҷур. 5.
5. Ва аз палидӣ (аз бутпарасти) яксӯ бош.
“Руҷз” дар забони арабӣ “овози азоб”-ро гӯянд. Ин ҷо ба маънои палидӣ омадааст. Яъне эй Муҳаммад (с) аз палидӣ ва аз сабабҳои ҳосил шудани он худатро бар канор гир!
Аз гуфтаи боло барои мо рӯшан мегардад, ки касе дар роҳи даъват миён баста ҳаракат мекунад ӯро шарту зарур аст, ки аввалан худро аз тамоми гуноҳҳо як сӯ гирад, сониян дар даъват шурӯъ кунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Муддассир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «