Сураи Муддассир Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Муддассир Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Муддассир Ояти 6

وَلَا تَمۡنُنۡ تَسۡتَكۡثِرُ ٦

Ва ла тамнун тастаксир. 6.

6. Ва чизеро мадеҳ, то ки аксари аз онро талаб кунӣ.

Эй Муҳаммад (с), ба касе чизеро, ки додӣ аз ӯ талаби зиёдатӣ макун. Бояд ато холӣ аз интизор бошад. Одами карим ҳар чизе, ки бидиҳад боз онро кам мешуморад ва ба ивази додаи хеш талаби зиёдатӣ намекунад ва агар кори хубе, ки кард миннат намекунад. Кори даъват ҳам ҳаминро тақозо дорад. Ҳама кори савоб бояд дар ҳамин чорчӯбаи муайянкардаи Худованди биниёз сурат гирад. Ҳатто ҷиҳод бошад ҳам.

Ин ҳукм ба расули Худо (с) воҷиб бошад ҳам бар умматонаш мандуб (кори савоб) аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Муддассир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Муддассир Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Муддассир Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)