Тафсири Сураи Мухаммад Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Муҳаммад Ояти 1
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм
Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.
اَلَّذِيۡنَ كَفَرُوۡا وَصَدُّوۡا عَنۡ سَبِيۡلِ اللّٰهِ اَضَلَّ اَعۡمَالَهُمۡ ١
Ал-лазӣна кафару ва садду ъан сабӣлиллаҳи аЗалла аъмалаҳум. 1.
1. (Аллоҳ) амалҳои ононеро, ки кофир шуданд ва (мардумро) аз роҳи Аллоҳ боздоштанд, онҳоро зоеъ кард.
Аллоҳ таъоло ба душманони Худ ва душманони дини ростини Худ эълон намуда гуфтааст, ки касоне, ки ба сухани Парвардигори оламиён эътибор надоданд, китоби муқаддаси Ӯро бовар накарданд, ба расули Ӯ пайравӣ нанамуданд, илова бар ин, барои имону ислом овардани дигарон бо роҳҳои гуногун (бо зӯрӣ, сарфи пулу мол ва бо дигар воситаҳо) зиддият карданд, ҳар амали накӯе карда бошанд, чун хайру эҳсон, силаи раҳм (рафтуойи хуб бо хешовандон), ёрӣ ба муҳтоҷон, иззати меҳмон ва ғайра аз сӯйи Аллоҳ таъоло зоеъ ва бенатиҷа гардонида шуд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Муҳаммад «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «