Сураи Муҳаммад Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Мухаммад Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Муҳаммад Ояти 17

وَالَّذِيۡنَ اهۡتَدَوۡا زَادَهُمۡ هُدًى وَّاٰتٰٮهُمۡ تَقۡوٰٮهُمۡ ١٧

Ва-л-лазӣнаҳтадав задаҳум ҳуда-в ва атаҳум тақваҳум. 17.

17. Ва ононе, ки роҳёфтаанд, ҳидояти онҳоро Аллоҳ зиёда кард ва ба онҳо тақвояшонро дод.

Аллоҳ таъоло ба шахсоне ки имон овардаанд ва имони худро нигоҳ доштаанд, тафвиқу тақво ва рушду камол ато намуда, имони онҳоро қавитару мустаҳкамтар мегардонад. Ин гуна фард инсони комил гардида, дар фаҳмидану дарки панду насиҳат душворӣ намекашад. Ба чунин маҷлисҳо рафтанро дӯст медорад ва ба хусус ба суҳбати Расулуллоҳ (с) мушарраф гардиданро ғанимат мешуморад. Ба он чӣ аз панду насиҳат шунид, ба он амал менамояд.

Хулоса, дарҳои дили муъмин барои шунидани панду мавъиза ҳамеша бозанд, аммо дили мунофиқу ғаломус баръакси ин ҳол аст. Маълум гардид, ки ҳаракат кардану роҳи ҳидоятро ёфтан вобаста ба худи инсон аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Муҳаммад «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Муҳаммад Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Муҳаммад Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)