Тафсири Сураи Мухаммад Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Муҳаммад Ояти 18
فَهَلۡ يَنۡظُرُوۡنَ اِلَّا السَّاعَةَ اَنۡ تَاۡتِيَهُمۡ بَغۡتَةً ۚ فَقَدۡ جَآءَ اَشۡرَاطُهَا ۚ فَاَنّٰى لَهُمۡ اِذَا جَآءَتۡهُمۡ ذِكۡرٰٮهُمۡ ١٨
Фа ҳал янзуруна илла-с саъата ан таътияҳум бағтаҳ. Фа қад ҷаа ашратуҳа. Фа анна лаҳум иза ҷаатҳум зикраҳум. 18.
18. Пас, оё интизорӣ намебаранд, магар қиёматро, ки ба онҳо ногаҳон биёяд? Пас, батаҳқиқ, аломатҳои он омадааст. Пас, чун қиёмат ба онҳо биёяд, панд гирифтани онҳо куҷо суд диҳад?
Яъне мунофиқону мушрикон насиҳатҳои қуръонӣ, мисолҳои ибратбахш чун қиссаҳои ҳалоки қавмҳои тоғии гузашта, ваъдаву ваъид, тарғибу тарҳиб (бим додан), Ҷаннату Дӯзах ва амсоли инро шунидаанд. Барои он ки бовар кунанду имон биёранд, боз чиро мунтазиранд? Магар вуқӯи қиёматро интизорӣ мекашанд? Рафту он соате, ки вақти қоим гардидани қиёмат аст, ногаҳон фаро расад, онҳо дигар чӣ кор карда метавонанд? Ҳол он ки нишонаҳои он бо баробари ба пайғамбарӣ расидани ҳазрати Муҳаммад (с) барои онҳо равшану возеҳ гардид. Баъд аз қоим шудани қиёмат имон овардан, тавба намудан ва панд гирифтан ва иҷрои амалҳои ҳасана барои онҳо дигар маъно ё суд надорад. Зиндагии инсон фурсате барои амал аст. Шахсоне, ки онро бо амалҳои ботили хеш зоеъ мегардонанд, подоши арзандаи хешро, яъне азоби сангинро таҳаммул хоҳанд кард. Он чӣ зикр шуд, қиёмати кубро (бузург) буд, аммо дараҷаи Қиёмати суғро (яъне марг) барои мунофиқ аз ин пасту кам нест.
Рӯйхати оятҳои Сураи Муҳаммад «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «