Тафсири Сураи Мухаммад Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Муҳаммад Ояти 16
وَمِنۡهُمۡ مَّنۡ يَّسۡتَمِعُ اِلَيۡكَۚ حَتّٰٓى اِذَا خَرَجُوۡا مِنۡ عِنۡدِكَ قَالُوۡا لِلَّذِيۡنَ اُوۡتُوا الۡعِلۡمَ مَاذَا قَالَ اٰنِفًا ۚ اُولٰٓٮِٕكَ الَّذِيۡنَ طَبَعَ اللّٰهُ عَلٰى قُلُوۡبِهِمۡ وَ اتَّبَعُوۡۤا اَهۡوَآءَهُمۡ ١٦
Ва минҳум-м ма-а ястамиъу илайка ҳатта иза хараҷу мин ъиндика қолу лил лазӣна уту-л-ъилма ма за қола анифа. Улаика-л-лазӣна табаъаллоҳу ъала қулубиҳим ва-т-табаъу аҳвааҳум. 16.
16. Ва баъзе аз онҳо касонеанд, ки ба суйи ту гӯш мениҳанд, ҳар вақто аз назди ту берун раванд, ба ононе ки онҳоро илм дода шудаст, гӯянд: «(Муҳаммад) ҳозир чӣ гуфт?». Он ҷамоъат касонеанд, ки Аллоҳ бар дилҳои онҳо муҳр ниҳодааст ва хоҳишҳои худро пайравӣ кардаанд.
Ҳоли муъминон ва ҳоли кофирон баръало зоҳиру ошкор аст. Аммо иддаи дигаре вуҷуд доранд, ки зоҳиран худро мусалмон вонамуд месозанд, локин чунин инсонро мунофиқ мехонанд. Ояти мазкур аз ҳамин гуна ашхос ҳарф мезанад. Ӯ таъоло мегӯяд, ки ай Ҳабибам, мунофиқон ҷамоъае ҳастанд, ки ба суханони ту гӯш фаро медиҳанд, аммо савияи идроки онҳо, то ин ки суханони пандомези туро дарк созанд, басанда нест. Чун аз суҳбати ту фориғ мегарданд, дарҳол аз саҳобагони киром суол мекунанд, ки Муҳаммад айни замон чӣ гуфт? Ин далолат бар он мекунад, ки ақли эшон комилу солим нест. Вагарна чаро дигар иштирокчиёни маҷлиси ту суханҳоятро мефаҳманду ин қабил ашхос не? Ин нишонаи он аст, ки Аллоҳ таъоло дар дилҳояшон хатми (муҳри) куфр ниҳодааст. Ин гуна ашхос ҳамеша побанди ҳавову ҳавасҳои ботили худ мебошанд. Гарчанде дар маҷлиси Расулуллоҳ (с) ширкат доштанд, вале фикру ёди онҳо ҳамеша ба корҳои ботилу фосидашон банд буда, дилашон ғофил мемонад. Аз ин ҷост, ки ба қалби мунофиқу ғаломус панду насиҳат таъсир намекунад. Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Муҳаммад «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «