Сураи Муҳаммад Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Мухаммад Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Муҳаммад Ояти 22

فَهَلۡ عَسَيۡتُمۡ اِنۡ تَوَلَّيۡتُمۡ اَنۡ تُفۡسِدُوۡا فِى الۡاَرۡضِ وَتُقَطِّعُوۡۤا اَرۡحَامَكُمۡ ٢٢

Фа ҳал ъасайтум ин таваллайтум ан туфсиду фи-л-арЗи ва туқаттиъу арҳамакум. 22.

22. Пас, (эй мунофиқон), агар мутаваллии умури мардум шавед, аз шумо таваққуъ он мешавад, ки дар Замин фасод ва қабиладории худро қатъ мекунед?

Муфассирон ин оятро ба тарзи гуногуни ҳаммазмун тафсир кардаанд. Мо бо интихоб дутои онро баён мекунем.

Пас, агар шумо тарки амри Худо намуда, аз Ислом рӯй гардонед, аз эҳтимол дур нест, ки шумо боз ба он чӣ дар даврони ҷоҳилият доштед, ки он фасодкорӣ дар рӯйи замин, қатъи силаи раҳм (хешутаборӣ) ва хунрезӣ буд, даст бизанед. Онҳое, ки имонашон заъиф асту аз китоби Аллоҳ рӯй мегардонанд, албатта, ба чунин амалҳои хабис даст мезананд. Рафту чунин афрод сарвари мардум шаванд, аз ҳақиқат дур нест, ки ба фасодкорӣ роҳ медиҳанд, аз ҷумла риштаи хешутабордориро қатъ месозанд, ба нафспарварӣ ва дигар корҳои палид машғул мегарданд.

Агар ин оят хитоб ба мунофиқон бошад, ки худро дар зоҳир мусалмон нишон медиҳанд, чунин маъниро касб мекунанд: Агар аз ҷиҳод, ки худатон талаб кардед, рӯй гардонед, аз шумо ҳаминро умедвор шудан мумкин аст, ки ба он кинаҳо ва ниятҳои ботили дар дил доштаатон рӯй меоред ва дар рӯйи замин фасодкорӣ макунед, ҳатто хешовандони худро, ки мусалмонанд, фаромӯш месозед ва ошкорову яқин ёвару мададгори кофирон мегардед. Ин аст одати мунофиқон ва илова бар ин.


Рӯйхати оятҳои Сураи Муҳаммад «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Муҳаммад Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Муҳаммад Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)