Сураи Муҳаммад Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Мухаммад Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Муҳаммад Ояти 21

طَاعَةٌ وَّقَوۡلٌ مَّعۡرُوۡفٌ‌ ۚ فَاِذَا عَزَمَ الۡاَمۡرُ فَلَوۡ صَدَقُوا اللّٰهَ لَـكَانَ خَيۡرًا لَّهُمۡ‌ۚ ٢١

Тоъату-в ва қавлу-м маъруф. Фа иза ъазама-л-амру фа лав садақуллоҳа ла кана хайра-л-лаҳум. 21.

21. Фармонбардорӣ ва сухани некӯ гуфтан барояшон беҳтар аст. Пас, чун кор таъкиду ҷиддӣ шавад, пас, агар ваъдаи худро ба Аллоҳ рост мекарданд, албатта, барои онҳо аз нифоқ ва нофармонӣ беҳтар буд.

Дар «Тафсири Ҷалолайн» омада, ки ояти 21-ум эзоҳи ояти 20-ум аст. Яъне шарҳи ояти карима, валлоҳу аълам, чунин аст. Дар зоҳир онҳо (яъне мардуме, ки орзуи ҷиҳодро намуданд) мувофиқи ваъдаи худ изҳори фармонбардорӣ намуда, исломи худро бо забон иқрор ва ба аҳкоми ислом амал ҳам менамуданд. Ҳангоме ки ояти ба ҷиҳод амркунанда нозил шуд, онҳо бесаранҷому мушаввашхотир шуданд. Агар онҳо ба ҷойи ин бесаранҷомӣ итоъати Аллоҳ ва расули Ӯ (с)-ро карда, ба фиристодаи Аллоҳ, чи қабл ва чи айни ҳол, суханҳои нек мегуфтанд, назар ба он нигоҳи тарсолуде, ки доштанд, афзалу аҳсан мебуд. Яъне дар ҳолате, ки хости онҳо иҷро шуд, ҳукми ҷиҳод ҷорӣ шуд, онҳо мебоист ба ваъдаи худ содиқу устувор мемонданд. Ин амал барои онҳо нафъовар мебуд.

Расули Аллоҳ (с) хуб медонистанд, ки ба истифодаи чунин номардон дар ҳама ҷо, хусусан дар майдони ҳарб, ҳоҷат нест. Шояд яке аз ҳикматҳои ин оят он бошад, ки ба воситаи он парда аз ниқоби мунофиқони хоин ва ноҷавонмард дар назари муъминон бардошта шавад. Барои мунофиқон лаҳзаи интихоби ҷиддӣ фаро расид ё амрро иҷро мекунанд ё мунофиқияшон зоҳир мегардад, дигар ҷойи гурез надоранд. Аллоҳ донотар аст.

Ояти зер аз Ислом рӯй гардонидан ва ба ҷоҳилият рӯй овардану зарари онро ёдрас менамояд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Муҳаммад «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Муҳаммад Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Муҳаммад Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)