Тафсири Сураи Мухаммад Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Муҳаммад Ояти 7
يٰۤـاَيُّهَا الَّذِيۡنَ اٰمَنُوۡۤا اِنۡ تَـنۡصُرُوا اللّٰهَ يَنۡصُرۡكُمۡ وَيُثَبِّتۡ اَقۡدَامَكُمۡ ٧
Йа айюҳа-л-лазӣна аману ин тансуруллоҳа янсуркум ва юсаббит ақдомакум. 7.
7. Эй ононе ки имон овардаед, агар (дини) Аллоҳро нусрат диҳед, шуморо нусрат медиҳад ва қадамҳои шуморо собит мекунад.
Аллоҳ таъоло ваъда дода фармудааст, ки эй касоне, ки имон овардаед, агар шумо дини Худоро нусрат диҳед ва ба нияти холис дар ривоҷу рушди он саъю кӯшиш (ҷаҳд) намоед ва дар тоъати Парвардигори худ устувор монед, Ӯ таъоло барои шумо нусрату фатҳу кушоиш медиҳад, дар ҳолати ҷиҳод қадамҳои шуморо ба лағжишҳо дучор наоварда, балки устувор нигоҳ медорад.
Амр ба ҷиҳод ин ҳикмати Ӯст. Зоти қодиру тавоно барои озмоишу санҷиши муъминон, мисли дигар санҷишҳо, то ки муъминон аз чунин имтиҳон гузаранд, дар ҳолатҳои хосу алоҳида ҷиҳодро фарз гардонидааст. Вагарна Ӯ таъоло бихоҳад, дар як лаҳза кофиронро мусалмон мегардонад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Муҳаммад «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «