Тафсири Сураи Мучодала Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Муҷодала Ояти 14
۞ اَلَمۡ تَرَ اِلَى الَّذِيۡنَ تَوَلَّوۡا قَوۡمًا غَضِبَ اللّٰهُ عَلَيۡهِمؕۡ مَّا هُمۡ مِّنۡكُمۡ وَلَا مِنۡهُمۡۙ وَيَحۡلِفُوۡنَ عَلَى الۡكَذِبِ وَهُمۡ يَعۡلَمُوۡنَ ١٤
۞ Алам тара ила-л-лазӣна таваллав қавман ғаЗибаллоҳу ъалайҳим-м ма ҳум-м минкум ва ла минҳум ва яҳлифуна ъала-л-казиби ва ҳум яъламун. 14.
14. Оё надидӣ касонеро, ки бо қавме дӯстӣ кардаанд, ки Аллоҳ бар онҳо ғазаб кардааст? Ин (мунофиқон) на аз шумоанд ва на аз яҳудиён. Ва бар дурӯғ савганд мехӯранд ва (ҳол он ки инро) медонанд.
Мунофиқ шахсест, ки суханаш дигару амалаш дигар аст. Аллоҳтаъоло мегӯяд, ки магар тааҷуб намекунӣ ба ҳоли мунофиқон, ки ба фикри худашон гӯё имон доранд. Ҳол он ки онҳо яҳудиёни ба ғазаби илоҳӣ гирифторшударо дӯст гирифтаанду ба онҳо сирру асрори муъминонро хабар медиҳанд.
Мунофиқон на аз мусулмонҳоянд ва на аз яҳудиён. Балки онҳо радшуда ва дурӯяанд. Онҳо мунофиқии худро рӯйпӯш карданӣ шуда, барои нишон додани садоқати худ қасам мехӯранд ва худашон хуб медонанд, ки бардурӯғ савганд мехӯранд. Онҳо мегӯянд: “Валлоҳ мо мусулмонем”. Мунофиқ на аз яҳудиёнасту на аз мусулмонон. Ӯ мунофиқ аст дигар чизе нест. Ин хабари Аллоҳ аст на ишораи касе.
Рӯйхати оятҳои Сураи Муҷодала «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «