Тафсири Сураи Мучодала Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Муҷодала Ояти 3
وَالَّذِيۡنَ يُظٰهِرُوۡنَ مِنۡ نِّسَآٮِٕهِمۡ ثُمَّ يَعُوۡدُوۡنَ لِمَا قَالُوۡا فَتَحۡرِيۡرُ رَقَبَةٍ مِّنۡ قَبۡلِ اَنۡ يَّتَمَآسَّا ؕ ذٰلِكُمۡ تُوۡعَظُوۡنَ بِهٖ ؕ وَاللّٰهُ بِمَا تَعۡمَلُوۡنَ خَبِيۡرٌ ٣
Ва-л-лазӣна юзоҳируна мин-н-нисаиҳим сумма яъудуна ли ма қолу фатаҳрӣру рақабати-м мин қабли ан ятамасса. заликум туъазуна биҳ. Валлоҳу би ма таъмалуна хабӣр. 3.
3. Ва касоне, ки (бо) занони худ зиҳор мекунанд, сипас, бар хилофи он чӣ гуфтанд, бозмегарданд, пеш аз он ки зану марди (зиҳордида) ба ҳамдигар даст расонанд, озод кардани як барда воҷиб аст. Ин аст ҳукми каффорате ки шуморо ба он чиз панд дода мешавад. Худованд бо он чӣ мекунед, хабардор аст.
Касоне ки “зиҳор” мекунанд, яъне бадани занҳои худро ба бадани модари худ ташбеҳ медиҳанд, баъд аз кори кардаи худ пушаймон мегарданд ва мехоҳанд, ки бо занҳои худ алоқа кунанд, пеш аз даст дарози намудан бояд, ки аз барои каффорати гуноҳи худ як ғулом озод бисозанд. Боке нест озодшаванда мард бошад, хоҳ зан. Пеш аз каффорати гуноҳ муносибати заношӯй барои марду зани зиҳордида мумкин нест. Қабл аз каффорат агар дастдарозӣ намоянд, осӣ мешаванд. Ин ҳукми Худованд, панддиҳанда аст. То муъминон панд бигиранд ва дигар “зиҳор” накунанд ва бе каффорат ба ӯ боз нагарданд.
Худованд ба зоҳиру ботини корҳо бинандаву огоҳ аст. Ва барои аъмоли ғайри шаръӣ ҷазодиҳанда аст. Пас бояд ҳудуди шариъат риоя карда шавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Муҷодала «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «