Тафсири Сураи Мучодала Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Муҷодала Ояти 2
اَلَّذِيۡنَ يُظٰهِرُوۡنَ مِنۡكُمۡ مِّنۡ نِّسَآٮِٕهِمۡ مَّا هُنَّ اُمَّهٰتِهِمۡؕ اِنۡ اُمَّهٰتُهُمۡ اِلَّا الّٰٓـىِٔۡ وَلَدۡنَهُمۡؕ وَاِنَّهُمۡ لَيَقُوۡلُوۡنَ مُنۡكَرًا مِّنَ الۡقَوۡلِ وَزُوۡرًاؕ وَ اِنَّ اللّٰهَ لَعَفُوٌّ غَفُوۡرٌ ٢
Ал-лазӣна юзоҳируна минкум-м мин-н-ниспиҳим-м ма ҳунна уммаҳатиҳим. Ин уммаҳатуҳум илла-л-лаӣ валаднаҳум. Ва иннаҳум ла яқулуна мункара-м мина-л қавли ва зуро. Ва инналлоҳа ла Ъафуввун Ғафур. 2.
2. Касоне ки аз шумо занони худро зиҳор мекунанд, он занҳо модарони онҳо нестанд. Модарони онҳо заноне ҳастанд, ки онҳоро таваллуд кардаанд ва албатта, зиҳоркунандагон сухани номаъқул ва дурӯғ мегӯянд. Ва албатта, Аллоҳ афвкунандаву мағфираткунанда аст.
Маънои “зиҳор” асосан, монанд сохтани ягон аъзои завҷа, чуноне ки дар муқаддима ишора рафт, ба аъзои модари шавҳар аст. Он нафарҳое, ки ба занҳои худ мегӯянд, ки пушти шумо ба пушти модарамон мемонад ва бо ин сухан таҳрими (ҳаром гардонидани) занонро ба худ ба мисли таҳрими модарашон медонанд, албатта, бо гуфтани ин сухану нияти таҳрҳим, он занон модарашон намегарданд, балки занҳояшон боқӣ мемонанд, лекин мақсади мард аз ба забон овардани “зиҳор” муъоширати занро ба худ ҳаром гардонидан аст, чунон ки муъошират бо модар ҳаром гардонида шудааст. Дар ҳақиқат модари онҳо он занҳое ҳастанд, ки онҳоро таваллуд кардаву ба дунё овардаанд. Зиҳоркунандагон суханеро мегӯянд, ки он дурӯғу бӯҳтон аст ва онро шариъат инкор кардаву мамнӯъ донистааст. Чун Худованд бисёр афвкунандаву мағфираткунанда аст, касе ки тавба кунаду боз гардад ба сӯи Худо, Худованд ӯро меомурзад.
“Мункар” чизест ҳақиқаташ шинохтанашаванда ва “зуро” дурӯғро гӯянд”.
Дар ин оят “зиҳор” фақат дар нисбати модар омадааст, аммо назди уламои кибор дар сурати монанд кардани ягон аъзои зан ба ягон аъзои сатри аврати занҳои маҳрами мард ба мисли хоҳар, хола, амма, ҷиян низ “зиҳор” воқеъ мешавад. Аз ин чунин бармеояд, ки дар ҳаром будан, занро бо ин афрод набояд ташбеҳ кард. Агар чунон монандсозӣ бо нияти пок бе ғаразу ба хотири ҳурмат бошад, боке набошад ҳам, лекин хуб нест. Зеро дар даврони Ҳазрат (с) як саҳоба ба зани худ “эй хоҳарам” гуфта нидо намуд, чун Расулуллоҳ (с) инро шунид, ба тариқи инкор аз саҳоба пурсид: “Оё ӯ хоҳари туст” Вале “ҳаром шуд” нагуфтанд. Дар муносибати зану шавҳарӣ аз ин хотир ҳушёр бояд буд. Бубинед, ки Ҳавла бинти Саълаба (р) нозукии масъалаи “Зиҳор”-ро ба хубӣ дарк карда, паҳлуҳои гуногуни оилаву шавҳардориро ба инобат гирифта, аз рӯи ақли солим амал намуд. Барои расидан ба муроди худ назди Расули Худо (с) пойдориву устуворӣ нишон дода, пеши Худованди мутаъол зориву таваллои зиёд намуд ва бидъат будани “зиҳор”-ро собит сохту сабаби нозил гардидани ин сураи карима гардид. Бо ин роҳ халқ аз гирдоби ҷаҳолат берун оварда шуд.
Дар ояти мазкур барои шумораи ҷамъ ишора рафтааст, аммо барои ҳар як фарди алоҳида низ чунин аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Муҷодала «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «