Тафсири Сураи Мучодала Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Муҷодала Ояти 5
اِنَّ الَّذِيۡنَ يُحَآدُّوۡنَ اللّٰهَ وَرَسُوۡلَهٗ كُبِتُوۡا كَمَا كُبِتَ الَّذِيۡنَ مِنۡ قَبۡلِهِمۡ وَقَدۡ اَنۡزَلۡنَاۤ اٰيٰتٍۢ بَيِّنٰتٍ ؕ وَ لِلۡكٰفِرِيۡنَ عَذَابٌ مُّهِيۡنٌ ٥
Инна-л-лазӣна юҳаддуналлоҳа ва расулаҳу кубиту кама кубита-л-лазӣна мин қаблиҳим. Ва қад анзална айатин баййинати-в ва лил кафирӣна ъазабу-м муҳӣн. 5.
5. Албатта, касоне ки бо Худо ва Расули Ӯ душмани ва мухолифат мекунанд, хор мешаванд, чуноне ки хор карда шуд касонеро, ки пеш аз онҳо буданд. Ва батаҳқиқ, оёти возеҳро фурӯ овардем. Ва барои кофирон азоби хоркунанда омода аст.
Ин оят тасаллӣ ба Расулуллоҳ (с) буд. Бино бар ақидаи муфассирон ояти мазкур барои мушрикони араб нозил гардида, ки онҳо ҳамаи қувваташонро барои ҷанги зидди Расулуллоҳ (с) ва мусулмонон равона карда буданд. Зеро дар он айём оятҳои Қуръони маҷид барои тасдиқ ва ҳақ будани Расули Худо (с) аз Офтоб ҳам рӯшантару возеҳтар буданд. Вале, мутаассифона, мушрикони араб ба оёти Қуръон нигоҳ накарда, ба Худо ва фиристодаи Ӯ (с) мухолифат намуданд. Худованд онҳоро ба мисли он нафароне, ки аз қавмҳои авале, ки пеш аз инҳо буданд барои ба Худову ба расулони Ӯ итоат накарданашон хор карда шуда буданд хор гардонид.
Барои кофирон доимо ҳамин гуна азобҳои хоркунанда будааст ва шубҳае нест, ки онҳо доимо иззату обрӯяшонро несту нобуд месозанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Муҷодала «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «