Сураи Муҷодала Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Мучодала Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Муҷодала Ояти 6

يَوۡمَ يَبۡعَثُهُمُ اللّٰهُ جَمِيۡعًا فَيُنَبِّئُهُمۡ بِمَا عَمِلُوۡا‌ ؕ اَحۡصٰٮهُ اللّٰهُ وَنَسُوۡهُ‌ ؕ وَاللّٰهُ عَلٰى كُلِّ شَىۡءٍ شَهِيۡدٌ ٦

Явма ябъасуҳумуллоҳу ҷамӣъан фа юнаббиуҳум би ма ъамилу. Аҳсоҳуллоҳу ва насуҳ. Валлоҳу ъала кулли шай-ин шаҳӣд. 6.

6. Рӯзе ки Аллоҳ ҳамаро якҷо барангезад, пас, онҳоро аз он чӣ карда буданд, хабар диҳад, Аллоҳ амалҳояшонро дар ёд дорад ва аммо онҳо он амалҳоро фаромӯш кардаанд. Ва Худованд бар ҳама чиз огоҳ аст.

Дар рӯзи қиёмат Аллоҳтаъоло ҳамаро аз сари нав зинда мегардонад аз ҷумла кофиронро. Ва ҳама амалҳое, ки дар дунё содир карда буданд ва аз ёдҳояшон фаромӯш шуда буд, онҳоро як-як Худованд барояшон хабар медиҳад. Агар бандаҳо амалҳои худро фаромӯш кунанд, ҳам Худованд фаромӯш намесозад. Ҳама амалҳои инсонҳо дар дафтари аъмолашон хоҳ нек бошад, хоҳ бад сабт гардида аст. Ҳеҷ як аз амали инсонҳо назди Офаридгор пӯшидаву махфӣ намемонад. Ӯ ба ҳама рафтору кирдори бандаҳо нозиру шоҳид аст. Ояти зер ин ақидаро тақвият мебахшад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Муҷодала «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Муҷодала Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Муҷодала Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)