Сураи Мумтаҳана Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Мумтахана Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Мумтаҳана Ояти 12

يٰۤاَيُّهَا النَّبِىُّ اِذَا جَآءَكَ الۡمُؤۡمِنٰتُ يُبَايِعۡنَكَ عَلٰٓى اَنۡ لَّا يُشۡرِكۡنَ بِاللّٰهِ شَيۡــًٔا وَّلَا يَسۡرِقۡنَ وَلَا يَزۡنِيۡنَ وَلَا يَقۡتُلۡنَ اَوۡلَادَهُنَّ وَلَا يَاۡتِيۡنَ بِبُهۡتَانٍ يَّفۡتَرِيۡنَهٗ بَيۡنَ اَيۡدِيۡهِنَّ وَاَرۡجُلِهِنَّ وَلَا يَعۡصِيۡنَكَ فِىۡ مَعۡرُوۡفٍ‌ فَبَايِعۡهُنَّ وَاسۡتَغۡفِرۡ لَهُنَّ اللّٰهَ‌ؕ اِنَّ اللّٰهَ غَفُوۡرٌ رَّحِيۡمٌ‏ ١٢

Йа айюҳа-н-набийю иза ҷаака-л-муъминату юбайиънака ъала ал ла юшрикна биллаҳи шай-ав ва ла ясриқна ва ла язнӣна ва ла яқтулна авладаҳунна ва ла яътӣна би буҳтани-н яфтарӣнаҳу байна айдӣҳинна ва арҷулиҳинна ва ла яъсӣнака фӣ маъруфин фа байиъҳунна вастағфир лаҳунналлоҳ. Инналлоҳа Ғафуру-р-Раҳӣм. 12.

12. Эй Пайғамбар, чун занони мусалмон назди ту биёянд, то бо ту байъат кунанд ба ин шарт ки бо Худо чизеро ширк наоранд ва дуздӣ накунанд ва зино накунанд ва авлоди (кӯдакони) худро накушанд ва набояд ба бӯҳтоне даст зананд, ки онро аз назди дастону пойҳояшон мебофанд ва туро дар кори нек нофармонӣ накунанд, пас, аз онҳо байъатро қабул кун ва барои чунин занҳо аз Худо талаби омурзиш кун. Албатта, Аллоҳтаъоло омурзгору меҳрубон аст.

Худованд дар ин оят ба Пайғамбари Худ фармудааст, ки чун занҳои мусулмоншуда, назди ту барои байъат меоянд, бо шартҳои зерин онҳоро қабул кун. Яккум: Ба Худованди якто касеро шарик надонанд.

Дувум: Дуздӣ ва зино накунанд. Севум: Чун даврони ҷоҳилият кӯдакони худро (ҳатто ҷанин) бошад ҳам накушанд.

Чаҳорум: Бӯҳтонеро аз назди худ набофанд (яъне ба сабаби бекӯдакӣ аз шавҳарам ҷудо нашавам гуфта, кӯдакеро ёфта, нагӯянд, ки ин аз байни пойҳою дастони ман тавлид гашта, аз пушту камари туст).

Чун ин шартҳоро пазируфтанд ва ба он чӣ аз амри маъруфу наҳйи мункар ба онҳо фаҳмонди мухолифат накарданд, байъати онҳоро қабул ва барои онҳо аз Офаридгорат дархости мағфирати гуноҳҳояшонро кун. Зеро Аллоҳтаъоло бисёр мағфираткунандаву бахшандаи гуноҳони бандагон аст.

Дар ояти зер, ки ояти охирини ҳамин сура аст, Аллоҳтаъоло дӯстиро бо душманони Ислом бори дигар манъ менамояд:


Рӯйхати оятҳои Сураи Мумтаҳана «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Мумтаҳана Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Мумтаҳана Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)