Тафсири Сураи Мумтахана Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Мумтаҳана Ояти 11
وَاِنۡ فَاتَكُمۡ شَىۡءٌ مِّنۡ اَزۡوَاجِكُمۡ اِلَى الۡكُفَّارِ فَعَاقَبۡتُمۡ فَاٰتُوا الَّذِيۡنَ ذَهَبَتۡ اَزۡوَاجُهُمۡ مِّثۡلَ مَاۤ اَنۡفَقُوۡا ؕ وَاتَّقُوا اللّٰهَ الَّذِىۡۤ اَنۡـتُمۡ بِهٖ مُؤۡمِنُوۡنَ ١١
Ва ин фатакум шай-ум мин азваҷикум ила-л-куффари фа ъақабтум фа ату-л-лазӣна заҳабат азваҷуҳум-м мисла ма анфақу. Ва-т-тақуллоҳа-л лази антум биҳӣ муъминун. 11.
11. Ва агар аз дасти шумо касе аз занони шумо (қабл аз адо кардани маҳрияи худ) ба сӯйи кофирон биравад, пас, агар бо кофирон ғазо кардеду ғанимат ба даст овардед, пеш аз тақсими моли ғанимат касонеро, ки занонашон рафта аст, мисли он чӣ ки харҷ кардаанд, ба онҳо бидиҳед. Ва аз Худое ки шумо ба Ӯ боваркунандаед битарсед.
Агар зане аз шумо мусулмонон гурехта ба назди кофирон рафта, он ҷо муртад шуда бимонад ва шумо дар ғазои зидди кофирон ғолиб омада, молу мулкашонро ғанимат гирифтед, ба марде, ки занаш гурехтааст, ба миқдори маҳри додааш бидиҳед. Ин пеш аз тақсими моли ғанимат аст. Ва аз Худое ки ба Ӯ имон овардаед дар умури зиндагии хеш Ӯро шоҳид бидонеду битарсед ва фаромӯш насозед, ки бозгашти охири шумо ба сӯи Ӯст.
Вақто ки Расулуллоҳ (с) Маккаро фатҳ намуд, ҳамчуноне, ки мардони шаҳр омада ба Расули Худо (с) байъат намуданд, занҳо низ омада бо ӯ (с) байъат карданд. Дар он асно ояти зер нозил шуд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Мумтаҳана «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «