Сураи Мумтаҳана Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Мумтахана Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Мумтаҳана Ояти 3

لَنۡ تَـنۡفَعَكُمۡ اَرۡحَامُكُمۡ وَلَاۤ اَوۡلَادُكُمۡ ۛۚ يَوۡمَ الۡقِيٰمَةِ ۛۚ يَفۡصِلُ بَيۡنَكُمۡ‌ؕ وَاللّٰهُ بِمَا تَعۡمَلُوۡنَ بَصِيۡرٌ‏ ٣

Лан танфаъакум арҳамукум ва ла авладукум. Явма-л-қийамати яфсилу байнакум. Валлоҳу би ма таъмалуна басӣр. 3.

3. Рӯзи қиёмат шуморо хешовандон ва фарзандонатон суд нахоҳанд дод. Худованд байни шумо фасл (чудои) меандозад ва Худо ба он чӣ мекунед, бинанда аст.

Мактуби мазкурро Ҳотиб барои ҳимояи аҳлу аёли худ навишта бошад ҳам, бори дигар дар ояти мазкур зери танбеҳи Ӯ таъоло қарор гирифт. Зеро Аллоҳтаъоло фармудааст, ки дар рӯзи қиёмат на хешовандон ба дод мерасанду на фарзандону на дӯстон, ки ба хотири онҳо шуда бо кофирон дӯстӣ барқарор кардед. Он вақт ҳама ба худ овора ва дар андешаи аҳволи худ аст. Дар он рӯзи пурдаҳшат Аллоҳтаъоло байни аҳли куфру имон ҳукм мекунаду фасл месозад.

Пас, муъминон ба Ҷаннотуннаъиму (ҷаннати неъматҳо) кофирон ба Дӯзахи ҷаҳим дохил мешаванд. Худованд огоҳу бинанда аст, ба ҳама амалҳои шумо. Ва аз рӯи амалҳоятон подоши сазовор мегиред. Акнун панду насиҳати судмандро аз ояти зер бояд шунид, ки Аллоҳтоъоло чи гуфтааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Мумтаҳана «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Мумтаҳана Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Мумтаҳана Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)