Сураи Мумтаҳана Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Мумтахана Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Мумтаҳана Ояти 5

رَبَّنَا لَا تَجۡعَلۡنَا فِتۡنَةً لِّلَّذِيۡنَ كَفَرُوۡا وَاغۡفِرۡ لَـنَا رَبَّنَا‌ ۚ اِنَّكَ اَنۡتَ الۡعَزِيۡزُ الۡحَكِيۡمُ ٥

Раббана ла таҷъална фитната-л лил лазӣна кафару вағфир лана Раббана. Иннака Анта-л-Ъазӣзу-л-ҳакӣм. 5.

5. Эй Парвардигори мо, моро зердасти ононе ки кофир шуданд, магардон ва эй Парвардигори мо, моро мағфират кун! Албатта, Ту ғолибу боҳикмат ҳастӣ!».

Ҳазрати Иброҳим (а) дуъо карда гуфт, ки эй бор Худо! Моро ба кофирон тобеъ масозу онҳоро бар мо мусаллат магардон! Моро назди онҳо асиру ҳақир макун, аз азоби худ нигоҳ дору ба дасти онон моро азоб мадеҳ. Албатта, Ту Худованди бар ҳама ғолиб ва соҳиби ҳикмат ҳастӣ. Ба суйи Худат паноҳ ҷӯяндаро хор намекунӣ. Дар ҳама корҳои Ту хайру маслиҳати бандагонат намудораст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Мумтаҳана «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Мумтаҳана Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Мумтаҳана Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)