Тафсири Сураи Мумтахана Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Мумтаҳана Ояти 6
لَقَدۡ كَانَ لَـكُمۡ فِيۡهِمۡ اُسۡوَةٌ حَسَنَةٌ لِّمَنۡ كَانَ يَرۡجُوا اللّٰهَ وَالۡيَوۡمَ الۡاٰخِرَ ؕ وَمَنۡ يَّتَوَلَّ فَاِنَّ اللّٰهَ هُوَ الۡغَنِىُّ الۡحَمِيۡدُ ٦
Ла қад кана лакум фӣҳим усватун ҳасанату-л ли ман кана ярҷуллоҳа ва-л-явма-л-ахир. Ва ма-й ятавалла фа инналлоҳа Ҳува-л Ғанийю-л ҳамӣд. 6.
6. Батаҳқиқ, барои шумо ба ҷамоъати мазкур ва барои касе ки мулоқоти Парвардигорро ва охиратро умед дорад, иқтидои накӯ ҳаст. Ва шахсе рӯгардон шавад, пас, албатта Худованд Зоти бениёзу сутудакор аст.
Зимни ин оят ҳам Аллоҳтаъоло нидо намуда фармудааст, ки дар пайравӣ кардани шумо ҳазрати Иброҳимро (а)-ро ва аз он муъминоне, ки аз ӯ (а) пайравӣ менамуданд, намуна ва нусхаи хубест барои шумо. Онҳо аз кофирон безорӣ ҷуста, онҳоро дӯст нагирифтанд. Чунин амал дар шахсе мушоҳида мегардад, ки аз Худо умеди савоб ва дар охират хавфи азобро дорад.
Касе аз Худованд руйгардон шавад ба Худо ягон зиёне намерасад. Зеро Ӯ таъоло ба ягон чиз ва ба ягон кас эҳтиёҷ надорад. Худованд дар зоту сифоти худ маҳмуду ба некӣ ёдкардашудааст. Ҷумла махлуқоти Ӯ дар Замину Осмон ҳамду санои Ӯро мегӯянд. Аз чунин даъват шояд фикре пайдо шавад, ки ба намояндагон дигар динҳо умуман алоқа барқарор кардан мумкин нест. Дар оятҳои зер ҷавоби ин фикрҳо эзоҳ меёбад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Мумтаҳана «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «