Сураи Мумтаҳана Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Мумтахана Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Мумтаҳана Ояти 9

اِنَّمَا يَنۡهٰٮكُمُ اللّٰهُ عَنِ الَّذِيۡنَ قَاتَلُوۡكُمۡ فِى الدِّيۡنِ وَاَخۡرَجُوۡكُمۡ مِّنۡ دِيَارِكُمۡ وَظَاهَرُوۡا عَلٰٓى اِخۡرَاجِكُمۡ اَنۡ تَوَلَّوۡهُمۡ‌ۚ وَمَنۡ يَّتَوَلَّهُمۡ فَاُولٰٓٮِٕكَ هُمُ الظّٰلِمُوۡنَ ٩

Иннама янҳакумуллоҳу ъани-л-лазӣна қоталукум фи-д-дӣни ва ахраҷукум мин дийарикум ва заҳару ъала ихроҷикум ан таваллавҳум. Ва ма-й ятаваллаҳум фа улйика ҳуму-з-золимун. 9.

9. Ҷуз ин нест, ки шуморо Аллоҳ аз дӯстӣ кардан бо онҳое ки бо шумо дар дин ҷанг карданд ва шуморо аз диёратон хориҷ карданд ва дар хориҷ кардани шумо дигаронро ёрӣ карданд, наҳй (манъ) мекунад. Ва касоне, ки ба онҳо дӯстӣ доранд, пас, онҳо ситамгаранд.

Худованд дар ин оят мефармояд, ки аз онҳое, ки барои динатон бо шумо ҷангиданд ё шуморо аз диёратон ронданд ва ба душманони шумо кумак расониданд, риштаи дӯстиро бибуред. Зеро онҳое, ки бо ин гуна шахсон дӯстӣ доранд, онҳо ситамгоранду бар нафсҳои худ зулм кардаанд ва худро дар маърази азоби илоҳӣ гузоштаанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Мумтаҳана «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Мумтаҳана Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Мумтаҳана Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)