Тафсири Сураи Мумтахана Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Мумтаҳана Ояти 10
يٰۤاَيُّهَا الَّذِيۡنَ اٰمَنُوۡۤا اِذَا جَآءَكُمُ الۡمُؤۡمِنٰتُ مُهٰجِرٰتٍ فَامۡتَحِنُوۡهُنَّ ؕ اَللّٰهُ اَعۡلَمُ بِاِيۡمَانِهِنَّ ۚ فَاِنۡ عَلِمۡتُمُوۡهُنَّ مُؤۡمِنٰتٍ فَلَا تَرۡجِعُوۡهُنَّ اِلَى الۡكُفَّارِ ؕ لَا هُنَّ حِلٌّ لَّهُمۡ وَلَا هُمۡ يَحِلُّوۡنَ لَهُنَّ ۚ وَاٰتُوۡهُمۡ مَّاۤ اَنۡفَقُوۡا ؕ وَلَا جُنَاحَ عَلَيۡكُمۡ اَنۡ تَنۡكِحُوۡهُنَّ اِذَاۤ اٰتَيۡتُمُوۡهُنَّ اُجُوۡرَهُنَّ ؕ وَلَا تُمۡسِكُوۡا بِعِصَمِ الۡكَوَافِرِ وَسۡــَٔـلُوۡا مَاۤ اَنۡفَقۡتُمۡ وَلۡيَسۡــَٔـلُوۡا مَاۤ اَنۡفَقُوۡا ؕ ذٰلِكُمۡ حُكۡمُ اللّٰهِ ؕ يَحۡكُمُ بَيۡنَكُمۡ ؕ وَاللّٰهُ عَلِيۡمٌ حَكِيۡمٌ ١٠
Йа айюҳа-л-лазӣна аману иза ҷаакуму-л-муъминату муҳаҷиротин фамтаҳинуҳунн. Аллоҳу аъламу би ӣманиҳинн. Фа ин ъалимтумуҳунна муъминатин фа ла тарҷиъуҳунна илла-л-куффор. Ла ҳунна ҳиллу-л-лаҳум ва ла ҳум яҳиллуна лаҳунн. Ва атуҳум-м ма анфақу. Ва ла ҷунаҳа ъалайкум ан танкиҳуҳунна иза атайтумуҳунна уҷураҳунн. Ва ла тумсику би ъисами-л-кавафиру ва-с-алу ма анфақтум ва-л яс-алу ма анфақу. заликум ҳукмуллоҳи яҳкуму байнакум. Валлоҳу Ъалӣмун ҳакӣм. 10.
10. Эй касоне, ки имон овардаед! Чун (пеши) шумо занони муъмина ҳиҷрат карда биёянд, пас, онҳоро имтиҳон кунед, Худованд ба имони онҳо донотар аст. Пас, агар ононро муъмину мусалмон донистед, пас, онҳоро ба сӯйи кофирон бознафиристед, на он занон кофиронро ҳалоланд ва на он кофирон ин занонро ҳалоланд. Ва бидиҳед ба шавҳарони онҳо он чӣ харҷ кардаанд. Ва ҳар вақте ки ба онҳо маҳрҳояшонро бидиҳед ва онҳоро никоҳ кунед, бар шумо гуноҳ нест. Ва нигоҳ надоред никоҳи занони кофираро ва талаб кунед он чиро ки харҷ кардед ва бояд, ки он чиро ки (мушрикон) харҷ кардаанд, талаб кунанд. Ин аст ҳукми Парвардигор, миёни шумо ҳукм мекунад. Худованд донову боҳикмат аст.
Ояти мазкур таъкид бар он мекунад, ки ҳар ки аз тарафи душман биёяд, ӯро бе имтиҳон қабул кардан ва пешвоз гирифтан бармаҳал аст, ҳатто агар зан ҳам бошад ва имону Исломи худро зоҳир сохта, муҳоҷир шуда бошад ҳам.
Зеро ҳеҷ кас намедонад дар дили ӯ чӣ мақсаде ниҳон аст? Аҳли тафсир бар ин ақидаанд, ки чун сулҳу Ҳудайбия байни Расули Худо (с) ва байни куффори Макка ҷорӣ шуд, мувофиқи яке аз бандҳои қарордод, агар шахсе аз мусулмонон агар аҳли Макка бошад назди мушрикон биёяд, ӯ рад карда, (бозпас гардонида) намешавад ва агар аз мушрикони Макка ба назди мусулмонон биёяд, рад карда мешавад.
Дар ин асно Умми Гулсум бинти Уқбат бинти Аби Муъайт муҳоҷир шуда, ба назди Расули Худо (с) омад. Муддате нагузашта аз паси ӯ бародаронаш расида ва ба Расулуллоҳ (с) гуфтанд: “Мувофиқи он шартномае, ки байни мо ва шумо имзо шудааст хоҳари моро ба мо бозпас гардонед.” Ҳазрати Муҳаммад (с) гуфт: “Он шарте ки мегӯед барои мардҳо буд на занҳо!”.
Он зан бошад изҳор дошт, ки ман на барои он омадаам, ки шавҳари худро бад дида бошам ё тамаъи дунё дошта бошам, балки барои ризои Худо ва дӯст доштанам Расули Ӯ (с)-ро ва аз рӯйи рағбат ба дин доштанам ба ин ҷо омадаам.
Тавре он зан аз имону садоқати худ ба Худову Расулаш (с) ҳарф зад, бо вуҷуди ин Худованд ин оятро нозил кард дар он фармуд, ки бояд чунин инсонҳо имтиҳон карда шавад. Ҳол он ки ба имони он зан Аллоҳтаъоло олимтар аст. Ва боз фармуда, ки чун аз имтиҳон гузашт, ин гуна занонро ба шавҳарони мушрикашон бозпас надиҳед. Зеро зани муъмина барои шавҳари мушрик ҳалол нест. Ҳамчунин никоҳи марди муъмин ба зани мушрика ҳалол нест.
Дар давоми ояти мазкур омада, ки мардҳои мумине, ки аз занони муҳоҷира барои худ мехоҳанд ҳамсар интихоб кунанд, бояд маҳри онҳоро албатта диҳанд. Худованд барои мушрикон ҳам рафтани зан ва ҳам рафтани маҳр гарон наояд ба занони муъминае, ки аз онҳо ҷудо мегарданд, фармудааст, ки маҳри гирифтаашонро баргардонанд.
Дар тафсири “Хозин” чунин оварда, ки зане аз дорулҳарб ба дорулислом муъминаву муслима шуда ояд, агарчи соҳиби шавҳар бошад ҳам, баъди риоя кардани муддати иддааш никоҳи ӯ ба марди муъмин мубоҳ аст. Зеро шавҳари онҷобудааш кофир будааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Мумтаҳана «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «
Боз Аллоҳтаъоло фармуд, ки агар шумо муъмину мусулмон шудеду занҳоятон ҳамчунон кофира боқӣ монанд, дигар никоҳи худро дошта наистед, зеро байни мусулмону мушрик никоҳ вуҷуд надорад. Агар мард дар дорулислом бошад ва зани мушрикааш дар дорулҳарб, бо сабаби ихтилофи дорайн никоҳ қатъ мегардад. Чун мардҳои муъмин аз занони мушрикаи худ ҷудо мегарданд, ё мардони мушрик аз занони муъминаашон ҷудо гарданд маҳри додаашонро талаб намоянд дуруст аст. Дар ҳарду ҳолат байни шумо муъминон ва душманони шумо ин ҳукми шаръи ва одилонаи Аллоҳтаъоло аст.
Ва ба тартиби ҳалли ингуна масъалаҳо Худованд олиму доно аст, бинобар ирода ва ҳикмати Худ ҳукмкунанда аст.
Ояти зер ҷуброни маҳри муъминҳоеро, ки занҳои кофираашон маҳри гирифтаашонро ба шавҳари муъмини худ намедиҳанду ба назди кофирон фирор мекунанд, баён мекунад.